Сафари кории Абдураҳим Холиқов ба Суғд
Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ “Ховар”). — Аз 11 то 14-уми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сухангӯи ин кумита Афшини Муқим хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз сафар иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси васеи ҳукумати мамлакат (15 январи 2014) доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 бармеояд, арзёбӣ мешавад.
11-уми феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов бо беш аз 200 нафар ходими дин, мудирони бахшҳо оид ба корҳои дин, раисони маҳаллаҳо, директорони мактабҳо ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.
Фаъолони шаҳру ноҳияиҳои мазкур аз татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мароисмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳори хушнудӣ намуда, ба роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат барои андешидани чунин тадбири муҳим изҳори сипос намуданд.
Абдураҳим Холиқов зикр намуд, ки тӯли тақрибан 7 соли татбиқи қонуни мазкур ҳарчанд ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидем, аммо ҳанӯз ҳам ҳолатҳои нақзи он зиёд ба чашм мерасанд. Аз ин рӯ, раиси кумита таъкид намуд, ки барои амалисозии мукаммали қонун бояд ҳар як фарди ҷомеа бетараф набошад.
Инчунин бо ёдоварӣ аз паҳн гардидани ҳар гуна раванду ҷараёнҳои бегона ва ифротгаро дар кишвар, А. Холиқов ҳозиринро ба бедории сиёсӣ, ҳифзи анъанаҳои суннатӣ даъват намуд.
Абдураҳим Холиқов рӯзи 12-уми феврал дар шаҳри Исфара бо фаъолони ноҳияҳои Исфараю Конибодом, 13-уми феврал дар шаҳри Истаравшан бо намояндагони аҳли ҷомеа ва фаъолони шаҳру навоҳии Истаравшан, Шаҳристон ва Ғончӣ ва ҳамон рӯз дар ноҳияи Спитамен бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен мулоқотҳои судманд анҷом дод.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






