Шабҳои бехобӣ, вале пур аз меҳри Ватан

Февраль 19, 2014 11:46

Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар моддаи 43-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи ватан, ҳимояи давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». 
  Оид ба ҳамин масъала ва бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- 23 феврал хабарнигори АМИТ «Ховар» бо корманди ҷавон ва масъули Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Улмас Пиров сӯҳбат анҷом дод, ки фишурдаи онро ба тавваҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем.
1.-Нахуст, Шумо ва ҳамкасбонатонро бо рӯзи Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоем. Ба ҷавон буданатон нигоҳ накарда, аллакай вазифаи пурмасъули ҳарбиро ба дӯш доред, ин душвор нест?
       -Ташаккур. Бале, ман аз синни хурдӣ чун аксарияти кӯдакон соҳиби  вазифаи ҳарбӣ шудан мехостам. Хусусан, хондани мактаби ҳарбиро орзу мекардам. Вале, бо баъзе сабабҳо факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардам. Муҳим он, ки имрӯз ман вазифаи пурифтихори ҳарбиро ба уҳда дорам.  
Албатта, корманди ҳарбӣ будан назар ба дигар касбҳо душвортар аст. Масалан: лаҳзаҳои зиёди дур аз хонавода будан, шабҳои бехобӣ, омодагӣ ба ҳар гуна вазъи кишвар эҳсоси баланди масъулият доштан.  Вале, дар баробари ҳамаи ин, вазифаи ҳарбиро ба дӯш доштан-ин ифтихори миллӣ ва шуҷоат аст.
    Ҳамчунин зикр намудан ба маврид аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ назаррас аст ва ин бояд ҳар як ҷавони бо ору номусро барои адои хизмати ватан водор созад.   
2.-Чун Шумо дар Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунед, чанд сухан дар бораи тартиби даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мегуфтед. 
    -Пеш аз ҳама тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад. Комиссариатҳои кишварамон дар доираи қонунҳои амалкунанда  ҷавононро тибқи «Даъватномаи ҳарбӣ» ба хизмат даъват менамоянд.
3.-Дар ҳолати саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ аз ҷониби масъулин чӣ     тадбирҳо андешида мешаванд?
     -Бояд гуфт, ки мувофиқи супориши навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, дар ин ҳолат масъулин вазифадор ҳастанд, ки нисбат ба шаҳрванди аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Ногуфта намонад, ки баъд аз саркашӣ намудан аз даъвати комиссияи даъватӣ чора дида мешавад.
4. -Кадом шаҳрвандон аз хизмати ҳарбӣ озод ҳастанд? 
-Паҳлӯҳои ин масъала гуногуну васеанд ва ман ҳоло ба шумо  чандтои онро мисол меорам. Мувофиқи қонун: писари ягона дар оила, ҷавони соҳиби ду фарзанд ва зиёда аз он, шаҳрванде, ки вазъи саломатиаш ба хизмати ҳарбӣ мутобиқ нест, шахсе, ки ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намуда,  доғи судӣ гирифтааст ва ғайра. Дар ин бора шаҳрвандон метавонанд аз масъулини ин соҳа маълумоти  муфассалтар пайдо намоянд.
5. -Дар баробари шахси ҳарбӣ будан ҳуқуқшинос низ ҳастед ва ман фаҳмидан мехостам, ки ҳангоми ихтиёран фирор намудан аз қисмҳои ҳарбӣ чӣ гуна ҷазо пешбинӣ  мешавад?
    -Мувофиқи Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба чунин ашхос аз ҷониби Прокуратураи ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тибқи қонун аз тарафи Суди ҳарбӣ ҷазо дода мешавад.
6. -Ҳолатҳое буданд, ки шаҳрванди дар ҳақиқат бемору  ба хизмат ношоямро комиссариатҳои ҳарбӣ барои иҷрои нақша ба сафи Қувваҳои ҳарбӣ сафарбар карда бошанд? 
-Ин гуна ҳолат, албатта, на аз ҷониби комиссарҳо, балки ин хатогӣ шояд аз тарафи намояндагони коммиссияи тиббӣ рух диҳад. Вале мо дар ҳолати огоҳ шудан аз вазъи номувофиқи саломатии шаҳрванд ӯро аз хизмати ҳарбӣ озод менамоем.
 7. -Мегуфтед, ки имрӯз волидайн нисбат ба хизмат кардани фарзандашон дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон чӣ гуна муносибат доранд, чун  кормандони Шумо зиёд ба ин масъала рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамчунин сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меоянд,  зиёд аст?
-Хушбатона, имрӯзҳо падару модарони зиёд барои хизмати ватан муқобил нестанд, баръакс тарафдоранд, ки фарзандони худро дар либоси ҳарбӣ зимни хизмати сарбаландона ба ватан бинанд ва фахр аз он кунанд, ки фарзандони онҳо аллакай бузургу шуҷоъ шудаанд. Ҷавонони ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада низ кам нестанд. Сол то сол шумораи ин гуна шахсон меафзояд ва ин аз масъулиятшиносиву ватандӯстии ҷавонони ҷомеаи навин дарак медиҳад.  
8. -Ба фикри Шумо ҳамчун мутахассиси ҷавон чӣ бояд кард, ки ҷавонон боз ҳам бештар ба хизмати ватан ҷалб карда шаванд?
-Пеш аз ҳама, чӣ дар оила ва чӣ дар боғчаву мактаб, аз овони кӯдакӣ тарбияи онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва дуруст ба роҳ мондан  лозим аст. 
Баъдан, масъулинро зарур аст, ки дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро хубтар ба роҳ монда, дар дили наврасону ҷавонон ҳисси миллиро бедор намоянд.
9. -Агар махфӣ набошад, шумо дар ягон қисми низомӣ хизмат кардаед?
-Факултае, ки ман хатм намудам, дорои кафедраи ҳарбӣ буд ва ман нахуст аз он ҷо рутбаи лейтенантро соҳиб гаштам ва то ҳол аз паи адои хизмати Модар- Ватан ҳастам.   
-Ташаккур барои суҳбат, дар корҳои пурмасъулиятатон барору комёбӣ мехоҳем. Умедворем, ки дар оянда шуморо бо рутбаи генерал хоҳем дид.
-Ташаккур.
 

Февраль 19, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад