Тадбирҳои биотехникӣ дар боғи Ғалаба
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Сард гаштани вазъи ҳавои кишвар на танҳо ба пояҳои иқтисодию иҷтимоӣ, балки барои ҳаёти олами паррандагон ва вуҳуш низ мушкилот пеш овард. Ҷиҳати бо маводи хӯрокии зимистона таъмин гаштани олами паррандагон аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии кишвар корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд. Чунин тадбир аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар минтақаи хоҷагии ҷангал ва боғи маданию истироҳатии «Ғалаба» бо иштироки мутахассисони раёсат доир шуд. Ҳифзи олами паррандагон ва вуҳуш аз муҳимтарин самтҳои афзалиятноки соҳаи муҳити зист ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамасола бо мақсади ҳифзи паррандагон ва таъминоти онҳо бо маводи донагӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Тибқи иттилои Саидаҳмади Акрампур, сардори бахши иттилоотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва боғи фарҳангу истироҳатии «Ғалаба» чорабинӣ гузаронида шуда, дар минтақаҳои интихобшуда барои таъмини паррандагон бо маводи донагӣ аз ҷониби раёсат 270 кг гандум, 275 кг ҷав ва зиёда аз 150 кг ҷуворимакка пошида шуд.
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар шаҳру навоҳии кишвар идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






