Ёдбуди профессор Карим Абдулов
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Маҳфили илмиву адабӣ бахшида ба 75-солагии профессори марҳум Карим Абдулов тибқи Қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 26 феврал дар Хуҷанд баргузор шуд. Зикр шуд, ки Карим Абдулов дар пешрафти тамоми соҳаҳо, алалхусус сафарбар намудани духтарон ба мактабҳои олӣ дар замони Шӯравӣ саҳми арзандаи хешро гузоштааст.
Ҳамзамон дар маҳфил аз ҳаёту фаъолият ва асарҳои ҷовидонаи олими тоҷик Карим Абдулов ёдовар гаштанд.
Мавриди зикр аст, ки аз Карим Абдулов китобҳои публитсистии «Роҳи беҳбуд» (Роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз шаш ҷилд), «Сиёсатномаи асри ХХI», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоиқи миллат», «Дарёниҳод», «Аловаддин Бобоев», «Бахти таърихӣ», «Асъори миллӣ» ба ёдгор мондаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






