Заҳролудшавии 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав

Февраль 7, 2014 14:43

   Душанбе, 07.02.2014.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Шаш муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон 5 феврал дар вақти обкашӣ аз чоҳи канализатсионӣ дар қисми ҷанубии Маскав бо аломати захҳролудшавии газ дар муассисахои тиббии пойтахти Русия  бистарӣ   гардиданд. 
 
   Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муайян намуд, ки аз шаш зарардида Э. Шукуров,  Б. Олимов,  Н. Ҳамидов, дар пажӯҳишгоҳи ба номи  Склифасовской , се нафари дигар дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ш. Маскав бистарӣ шудаанд.
 
   Ҳоло ба онҳо ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад.Ҳамаи бистариён дар корҳои гуногуни  ташкилоти пудратии ҶСШК «Сити- комплекс» кор менамуданд.
 
   Дар ин бора котиби матбуотии Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Федератсияи Русия Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
 

Февраль 7, 2014 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад