Ҳасани Руҳонӣ Сироҷиддин Асловро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба ҳузур пазируфт. Дар ин дидор вазири корҳои хориҷӣ паёми расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ супорид. Дар паёми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таъкид бар омодагии ҷониби Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват ба амал овард, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиб боздиди расмӣ ба амал оварад. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд. Дар суҳбате, ки сурат гирифт, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мусоидат ва иштироки Эрон дар кишвари мо тарҳҳои бисёр муҳими зербиноӣ амалӣ мегарданд. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки барои ду кишваре, ки ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошанд, табиист, ки ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва илму маориф аҳамияти фаровон дорад. Мусоҳибон бо табрики ҳамдигар ба муносибати фаро расидани ҷашни Наврӯз изҳори боварӣ намуданд, ки робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯсту бародар дар оянда низ ба нафъи мардумони ду кишвар инкишоф хоҳанд ёфт.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






