Иқтидорҳои истеҳсолии Суғд самаранок истифода намешаванд
Душанбе, 5.03.2014 (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мутахассисон ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунии вилоят вохӯрӣ доир намуда, таъкид намуд, ки ҳадафҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят асосан ба се самт нигаронида шудаанд ва ин самтҳои афзалиятнок аз таҷдиди сохторҳои хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ ва бо ин васила ба деҳқон додани замин, навсозии роҳҳои дохилӣ ва рушди саноати сабуки вилоят иборат мебошад. Раиси вилоят ҳамчунин афзуд, ки барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ то имрӯз бо намояндагони соҳаҳои гуногуни истеҳсолот мулоқотҳо доир шуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Раиси вилоят Хайрулло Маҳмадуллоев доир ба фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии қаламрави вилоят ҳисобот дода, дар такя ба маълумоти оморӣ изҳор дошт, ки арзёбии вазъи соҳаи саноати сабуки вилоят дар соли 2013 собит месозад, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ дар ҳафт соли охир афзудаанд, вале самаранок истифода намешаванд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар соли 2013 корхонаҳои пахтатозакунӣ 91 ҳазору 988 тонна пахта қабул намуда, 34 ҳазору 086 тонна нахи пахта истеҳсол намуданд. Яъне, иқтидорҳои мавҷуда ҳамагӣ 11,5 фоиз истифода шудаанду халос. Аз ин рӯ роҳбарони корхонаҳоро зарур аст, ки барои истифодаи самараноки иқтидорҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






