Маблағи соҳилмустаҳкамкунӣ-1 500 000

Март 3, 2014 10:50

  
Кӯлоб, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Масъулини КВД  зудамали  механиконидашудаи  минтақаи Кӯлоб  ба мавсими баҳор, ки дар ин фасл   боридани боронҳои зиёд ва хатари омадани сел  ҳамасола ба мушоҳида мерасад, ҳамаҷониба омодагӣ дида,  дар айни ҳол  техникаҳои заруриро  ба сойҳо  ва ҷойҳои  хавфноки обгузар  сафарбар карда, ба тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо оғоз намуданд.  Кормандони корхона дар соли сипаригардида   дар деҳаҳои Офтоблиқо ва Зиракӣ дар масоҳати   2 км 700  метр  корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба итмом расониданд, ки маблағи он  1 млн. 300 ҳазор сомониро дар бар  гирифт. 
Дар соли ҷорӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шуда, аз нимаи моҳи март  шуруъ мегарданд. 
 
 

Март 3, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш