Муаррифии фарҳанги тоҷикон дар ЭКО

Март 12, 2014 10:52

      Душанбе, 12.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи истиқболи бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ /СҲИ- ЭКО/,  воқеъ дар Теҳрон ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрон, аҳли фарҳанги Тоҷикистону Эрон иштирок намуданд. 
           Ифтихор Ҳусайн Ориф -раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО , Муҷтаҳиди Шабистарӣ раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон  ва кормандони масъули Сафорати Тоҷикистон дар Эрон доир ба таҳкими  ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар доираи ЭКО ибрози назар намуданд. Дар чорабинии фарҳангӣ 20 асари хушнависии Ҳаким Ҳасан- хаттоти тоҷик, 40 акс аз Мижгони Сайёдӣ — аккoси эронӣ, инчунин  филми кӯтоҳе аз Муртазо Нидоӣ — филмсози эронӣ ва дар як гӯшае  саноеи дастии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.   Ҳадаф аз ташкили ин намоишгоҳ муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон, тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои узви ЭКО мебошад. Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ муаллифоне, ки асарҳои худро ба маърази тамошо гузошта буданд, бо  ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Март 12, 2014 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд