Оғози гуфтушуниди навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Март 3, 2014 11:39

 
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар». — Имрўз дар бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушуниди навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба кори худ оғоз намуд.
 
Гуфтушунид таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Муовини Сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов ҷараён мегирад.
 
Ҷонибҳо масоили вобаста ба таъмини эътидол дар марзи давлатии ду кишвар дар миёни шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон ва истифодаи муштараки роҳҳои наздисарҳадии мошингардро баррасӣ мекунанд. 
 
14 феврали соли 2014 дар  шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҳангоми мулоқоти қаблии ҳайатҳои ду ҷониб тасмим гирифта шуда буд, ки гуфтушуниди навбатӣ  аввали моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
 
 

Март 3, 2014 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш