Оғози сабти ном дар Маркази миллии тестӣ
Хоруғ, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар, ки қароргоҳаш дар бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, аз 1-уми март ба сабти номи давталабон оғоз кард. Сардори раёсати маориф ва илми ВМКБ Ғарибшо Ғарибшоев қабл аз сабти ном бо довталабон мулоқот анҷом дода, онҳоро бори дигар бо тарзи нави имтиҳонгирӣ дар муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ шинос карда гуфт, ки барои сабти ном ва қабули ҳуҷҷатҳо ҳама гуна шароит дар марказ фароҳам оварда шудааст. Маркази мазкур бо фанновариҳои муосири коммуникатсионӣ ва кадрҳои лаёқатманд, ки дар давраҳои омӯзишӣ бо тамоми ҷузъиёти имтиҳони тестӣ ошноии комил пайдо намуданд, таъмин аст. Аз оғози ба рӯйхатгирӣ то қабули ҳуҷҷату имтиҳонсупорӣ танҳо аз таҷҳизоти коммуникатстионӣ истифода хоҳад шуд. Ин ҳама тадбирҳо ба хотири шаффоф ва беғараз гузаштани ҷараёни имтиҳонгирӣ андешида шудаанд. Ба гуфтаи сардори раёсати маориф ва илми вилоят барои омода кардани довталабон ва волидони онҳо бо ин усули имтиҳонот гурӯҳҳои махсус дар давоми бештар аз се моҳ ба шаҳру навоҳии вилоят сафар карда, давраҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.
Масъулини маркази миллии тестӣ аз имтиёзҳои муқаррарнамуда низ довталабонро огоҳ намуданд. Довталабоне, ки аз ҳарду волидони худ маҳрум шудаанд, аз пардохти маблағ озод ҳастанд. Онҳое, ки ё падар ва ё модар надоранд, танҳо 50 фоизи маблағи таҳсилро мепардозанд. Ин довталабон бояд ҳуҷҷату санадҳоеро, ки мақомоти давлатии ваколатдор ба онҳо додаанд, ба маркази миллии тестӣ пешниҳод кунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






