Сафари С. Аслов ба ИМА

Март 11, 2014 08:33

Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 10 март ба Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико сафар намуд, ки он то 14 март идома хоҳад ёфт. 
  Дар доираи сафари мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии махсус бахшида ба натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор мегардад, иштирок хоҳад намуд. 
Инчунин зимни сафар баргузории як силсила мулоқотҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.

Март 11, 2014 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш