Таҳлили бозори меҳнат дар кишварҳои хориҷӣ
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 4 марти соли равон бо мақсади тақвият бахшидани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар чорчўбаи лоиҳаи «Таҳкими идораи раванди муҳоҷират дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ» семинари омўзишӣ баргузор мегардад.
Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот иттилоъ доданд, дар семинар масъалаҳои асосӣ дар идораи равандҳои муҳоҷиратӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, роҳнамоӣ дар асоси идоракунӣ, сиёсати кадрӣ, банақшагирӣ ва низоми идораи маълумотдиҳӣ, рушди иқтидори инсонӣ, таъмин намудан бо маводи техникӣ, омўзиши барномаҳо ва модулҳо, беҳтар намудани Қонун «Дар бораи муҳоҷират» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байнидавлатӣ-хусусӣ, таҳлили бозори меҳнат дар кишварҳои хориҷ, интиқоли маблағ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират мавриди омўзиш қарор хоҳанд гирифт.
Дар семинар иштироки кормандони Хадамоти муҳоҷират, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва кормандони ташкилоту идораҳои дахлдор дар назар аст.
Семинар дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор мешавад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






