Маҳфили Хайрандеш дар Академияи ВКД
Душанбе, 8.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили Хайрандеш баргузор гардид. Дар он сардори Академияи ВКД доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Ҷӯрахон Зоиров, муовини сардори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сафар Сайҷаъфаров, шоир Хайрандеш ва курсантону муаллимони Академия иштирок намуданд.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Ҷӯрахон Зоиров изҳор кард, ки ин маҳфил ба зодрӯзи шоир рост омадааст ва соҳибҷашнро бо ин рӯзи фараҳбахши умраш табрик гуфт. Хайрандеш китоби тозанашри худро бо номи «Тоҷикнома» ба сардори Академия тақдим намуд.
Дар маҳфил курсантони академия шеърҳои Хайрандешро қироат намуданд. Дар баробари ин, дар маҳфил сарояндагони ҷавон ҳунарнамоӣ намуда, аз эҷодиёти шоир таронаҳо суруданд ва табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.
Роҳбарияти Академияи ВКД нақша доранд, ки дар оянда низ чунин маҳфилҳоро бо иштироки адибону шоирони тоҷик баргузор намоянд, то шавқу завқи онҳоро ба шеър ва мутолиаи китоб зиёд намуда, ҳисси ватандӯстиро дар қалби онҳо бедор намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






