Маросими супоридани «Сангпораи сулҳи Ҳирошима»

Апрель 18, 2014 16:27

Душанбе, 18. 04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Пагоҳ , дар толори туҳфаҳои президентии Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ маросими супоридани «Сангпораи сулҳи Ҳирошима» баргузор мегардад.
Дар он намояндагон аз ҷумҳурии Ҷопон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ , Раёсати дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Иттифоқи нависандагон ва дигарон ширкат меварзанд.
Чорабинии мазкур соати 10:00 оғоз мегардад.
Дар ин бора Бунафша Амирхонова, сардори шуъбаи умумӣ ва котиботи Осорхонаи миллӣ хабар дод.  
 
 
 
 

Апрель 18, 2014 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш