Машварати роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ дар БМТ
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 28 апрел дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор гардида, дар он роҳҳои сари вақт ва босамар татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи низоми бонкӣ дар семоҳаи якуми соли 2014 барррасӣ шуданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов диққати роҳбарони бонкҳоро ба амалӣ намудани бандҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки ба афзоиши ҷамъоварии амонатҳо, паст кардани фоизи қарзҳо, таъмини дастрасии аҳолӣ ба сарчашмаҳои қарзӣ ва зиёд намудани филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ дар маҳалҳо равона шудаанд, ҷалб намуд.
Тавре ки аз хадамоти бонк иттилоъ доданд, дар машварат масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ, аз ҷумла, ҳамкории ташкилотҳои қарзӣ бо Бюрои қарзӣ ва истифодаи бонкҳо аз маълумотҳои он, пешгирии хавф ҳангоми додани қарзҳо, дастрасӣ ба қарзҳои хурд махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, автоматикунии амалиёти бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти кормандони бонкҳо, таъмини сатҳи баланди ҳисоботҳо баррасӣ шуданд.
Роҳбарони бонкҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласа бо мақсади боз ҳам хубтар кардани фаъолияти муассисаҳои бонкӣ пешниҳодҳои худро оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда пешкаш карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






