Номнавис шудани «Хайр» ва «Хуҷанд» дар ЧТ

Апрель 4, 2014 10:58

Душанбе, 04.04.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Хайр”-и Ваҳдат дархостҳои худро барои ширкат дар чемпионати Тоҷикистон (ЧТ) миёни дастаҳои лигаи олӣ (мавсими 2014) ба Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. 
 
Тавре ки дар ин бора сомонаи  Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, “Хуҷанд” барои ширкат дар ин мусобиқа номи 20 бозингарро навиштааст, ки миёнашон шаш легионер ҳаст. 
Ҳамчунин дар дархости “Хайр”-и Ваҳдат исми 19 футболбоз ва 5  легионер пешниҳод шудааст.
 
 
 
 

Апрель 4, 2014 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш