Паём: Иқтисодиёти мамлакат устуворона рушд мекунад

Апрель 21, 2014 14:11

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, ки иҷрои барномаҳои қабулкардаи худ ва рушди тадриҷии иқтисоди миллиро дар ҳафт соли охир таъмин намояд»,-таъкид сохта буд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҷумла зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна 7 фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувори иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад.
Дар ин давра, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид.
Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо чоруним ва маоши миёнаи воқеии як корманд панҷуним баробар афзоиш ёфт.
Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум беш аз 7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум, ки 226 миллион сомониро ташкил дода буд, 54 баробар зиёд мебошад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки агар таносуби даромади буҷети давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2000-ум ба 12,6 фоиз баробар гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2006-ум ба 19,4 ва дар соли ҷорӣ ба 22 фоиз мерасад,- таъкид сохт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели 2013
 
 
 

Апрель 21, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд