Президент ба Маҷлиси Олӣ Паёми навбатӣ ироа менамояд

Апрель 23, 2014 09:15

Душанбе, 23.04.2013.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз зимни баргузории  ҷаласаи ҳафтуми якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Парлумони кишвар- Маҷлиси Олӣ ироа мекунад.
      Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи муштараки палатаҳои Парлумони кишвар нахуст дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, баъдан корашро дар Маҷмааи давлатии «Кохи ваҳдат»-и пойтахт идома медиҳад. Дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Парлумони кишвар дар радифи аъзои Маҷлиси миллӣ ва  вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин  аъзои ҳукумат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими  Тоҷикистон ширкат менамоянд.

Апрель 23, 2014 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид