Шумораи занон ва ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда меафзояд

Апрель 23, 2014 12:42

    Душанбе, 23.04.2014. АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Имрӯз зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҷалби занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда диққати ҷиддӣ дода, алҳол 500 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият  менамояд. Қисми зиёди занони фаъол дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ  фаъолият доранд, ки инҳо соҳаҳои масъулиятнок ба шумор мераванд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз намуд, ки:  «Имрӯз Ҳукумати кишвар инчунин ба кадрҳои ҷавон низ аҳамияти ҷиддӣ дода, ба зиёда аз 1 ҳазору 200 нафар ҷавон вазифаи пурмасъулияти роҳбарикунандаро бовар кардааст».
 
 

Апрель 23, 2014 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш