Тақвияти робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар айни замон 82 ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолият доранд ва Хадамоти муҳоҷират бо онҳо ҳамкориҳои судманд ва робитаҳои устувор дорад. Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои доимӣ ва хабардор будан аз фаъолияти ҷамъиятҳо, Хадамоти муҳоҷират дар сомонаи идора ва нашрияи «Муҳоҷир» рӯйхати ташкилотҳои ҷамъиятиро бо забони тоҷикӣ ва русӣ бо назардошти суроға, ҳайати роҳбарии он, телефонҳои тамос, рўзҳои таваллуд ва боқимонда маълумотҳои зарурӣ доимо инъикос менамояд. Инчунин почтаҳои электронии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ, ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба махзани иттилоотии Хадамоти муҳоҷират ворид шуданд. Дар моҳи январ вохўрии роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии Маркази ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониёни шаҳри Новосибирск И.Шарипов, моҳи феврал вохўрии муовини раиси ҷаъияти тоҷикони шаҳри Оренбург С. Мақсудов ва моҳи март вохўрии роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Дидор»-и вилояти Свердловск бо сардори Хадамот ташкил шуда, роҳҳои ҳамкориҳои судманд бо ин ҷамъиятҳо муҳокима шуданд.Бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии ҳамкорӣ, инкишоф додани робитаҳо бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати ҷалб намудани онҳо барои мусоидат дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират инчунин таҷрибаи давлатҳои хориҷаи дуру наздикро мавриди омўзиш қарор дода, дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятию ғайридавлатӣ, ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ чорабиниҳоро амалӣ менамояд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






