Таҷлили Рӯзи пойтахт дар боғи Наврӯзгоҳ
Душанбе, 04.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шанбеи сеюми моҳи апрел-19 апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад. Дар ин росто бо қарори шаҳрдории Душанбе нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт тасдиқ гардид. Тибқи он 19 апрел дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Маскав» сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт, маҳфилҳои шеъру суруд баргузор гардида, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз, шурӯъ аз соати 9:00 гузаронидани V-умин ниммарафони байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар Рӯзи пойтахт аз ҷониби шаҳрдории Душанбе озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт», «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт», «Беҳтарин нозири мантақавии сол», «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт», «Мактаби сол-2013», «Директори сол-2013», «Муаллими сол-2013», «Кӯдакистони сол-2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013», «Мураббии сол-2013», «Синфи беҳтарини сол-2013», «Соҳибкори беҳтарини пойтахт дар соли 2013» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз мегарданд. Ҳамзамон дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт дар китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ намоиши китоб таҳти унвони «Душанбе — маркази маънавиёт» ва конфронси илмӣ-адабӣ, инчунин Фестивали мактабҳои мусиқии бачагонаи шаҳри Душанбе -«Душанбе-шаҳри ҷавонӣ» гузаронида мешавад. Базмгаҳи асосии таҷлили Рӯзи пойтахт Боғи Наврӯзгоҳ буда, дар ин ҷо 19 апрел аз соати 17:00 бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик барномаи фарҳангию мусиқӣ ташкил мешавад. Ҳамзамон шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки баҳри тозагию ободонӣ ва таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт рӯзҳои 5 ва 12 апрел дар шаҳр ҳашари умумишаҳрӣ гузаронад.Рӯзи пойтахт дар соли равон дар ҳоле таҷлил мегардад, ки соли 2014 ба таъсиси Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 90-сол пур мегардад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






