ВКД дар тинҷию оромӣ заминаи асосӣ мегузорад

Апрель 21, 2014 11:26

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳафтаи сипаригардида вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими Бишкек) Такаюки Коико мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ инчунин мушовири сафорат Такаши Камада ва котиби дуюми сафорати мазкур Ёсисиро Хориэ иштирок намуданд. Раҳимзода Рамазон Ҳамро Такаюки Коикоро ба муносибати Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик намуда, ба мавсуф дар корҳои ояндааш барору комёбиҳо таманно намуд.Такаюки Коико изҳор намуд, ки ВКД ҶТ яке аз мақомоти аввалиндараҷа дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, ки фаъолияти ин мақомот барои рушду нумӯи кишвар ва тинҷию оромӣ заминаи асосӣ мегузорад.Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Апрель 21, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш