Вохӯрӣ дар доираи Ҳафтаи китоб

Апрель 8, 2014 11:46

Душанбе, 08.04.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҳамасола дар кишвар аз 2-то 9-уми  апрели соли равон ҷиҳати баланд бардоштани рўҳияи китобдўстӣ, меҳру муҳаббати самимӣ доштан нисбат ба китоб ва гиромидошти калом «Ҳафтаи китоби бачагона» доир мегардад.
Дар робита ба ин вохўрии нависандаи шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ, корманди Маркази миллии Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, сардабири маҷаллаи «Душанбе» Садриддини Ҳасанзода бо толибилмону омўзгорони мактаби таҳсилоти умумии №-1 ноҳияи Ҳисор ва муаррифии китоби нави ў «Муҷассамаи нодир» барпо гардид.
Дар маҳфил ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ Раҳмон Остон, шоирон  Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Султонмуроди Одина, директори Муассисаи давлатии «Фурўши китоб ва нашрияҳои даврии мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», нависанда Аброр Зоҳир роҷеъ ба эҷодиёти нависандаи шинохта, маҳорати тасвиру образофарии ў, забони асарҳояш андешаронӣ карданд.
  Зикр шуд ки адиб ҳамчунин офарандаи понздаҳ филмҳои мустанади телевизионӣ ва 50 мақолаи илмӣ буда, дар айни ҳол чун унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ба пажӯҳишу таҳлили қиёсии асарҳои омиёнаи адабиёти классикӣ ва таъсири онҳо ба асарҳои устод Айнӣ машғул мебошад.
  Дар ин бора  аз Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар хабар доданд. 
 

Апрель 8, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад