Бунёди хатҳои интиқоли барқ-лоиҳаи амалигардидаи СҲШ

Май 31, 2014 10:12

Ба истиқболи баргузоршавии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Тоҷикистон
 

Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Созмони Ҳамкории Шанхай, ки то 15 июни соли 2001-ум бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ёд мешуд, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ  ва коҳиши неруҳои низомӣ  дар манотиқи сарҳадии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ  карда, фарогири масъалаҳои умдаву  ҷиддитари ҳаёти рӯзмарраи аҳолии ин давлатҳо гардид. Бунёди хатти интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» ва 220 кВ «Лолазор -Хатлон» тадбирҳои хеле дурандешона ва оқилона буд, ки дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай бунёд ёфт. 
Дар рушди соҳаи энергетика бунёду таҷдиди инфрасохторҳои хизматрасон ва интиқоли барқ, алалхусус хатҳои интиқоли  барқ, бо назардошти рушди соҳа аҳамият ва манфиати калонеро доро мебошанд. 
Ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон   ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин, 14-16 июни соли 2006 дар қатори  дигар созишномаҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин масоили равнақи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика низ баррасӣ ва як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Созишномаи бунёди хатти интиқоли барқи 500 кВ-и «Шимол-Ҷануб»-ро вазири ҳамонвақтаи молияи Тоҷикистон Сафаралӣ  Наҷмиддинов ва раиси Бонки содироту воридоти Чин Ли Руочу имзо намуданд. Дар созишнома қайд шуда буд, ки:
«Сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ-и «Шимол-Ҷануб», дарозияш 350 км, арзиши лоиҳа тақрибан-281,3 миллион доллари ИМА, аз он ҷумла, қарз-267,2 миллион доллари ИМА, муҳлати амалӣ  гаштан 3 сол ва муҳлати пӯшонидани маблағи харҷшуда 7 сол мебошад». Амалӣ  гардонидани ин лоиҳа низоми барқи то ин вақт ҷудо будаи вилояти Суғдро ба низоми Марказии барқи Тоҷикистон пайваст менамояд. Дар натиҷа, баланд бардоштани сатҳи таъмини барқ дар вилояти Суғд имкон медиҳад, ки саноат бештар тараққӣ   ёбад ва сифати таъминоти аҳолӣ  бо қувваи барқ беҳтар гардад. Қобилияти хати «Шимол-Ҷануб» 8 миллиард кВт.соатро дар як сол ташкил медиҳад.
Ба созишномаи сохтмони хатти баландшиддати 220 кВ-и  «Лолазор — Хатлон» раиси ҳамонвақтаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Шариф Самиев ва раиси Корпоратсияи «Тебиан Электрик Аппаратус Сток (ТВЕА)»-и Чин Чжан Син имзо гузоштанд. Дар ин ҳуҷҷат қайд шуда буд, ки:
«Сохтмони хатти интиқоли барқи 220кВ «Лолазор-Хатлон», масофаи 90 км, арзиши тахминии лоиҳа-58,1 млн. доллари ИМА, аз он ҷумла кредит-55,2 млн. доллари ИМА  буда, муҳлати амалигардонии он 2 солу 6 моҳ ва муҳлати пӯшонидани харҷ 5 сол мебошад». 
Иқтидори хатти «Лолазор-Хатлон» дар як сол 4 миллиард кВт соат буда, имконият медиҳад, ки қувваи барқи неругоҳҳои Сангтӯда ба вилояти Хатлон, дар оянда инчунин ба Афғонистон интиқол дода шавад. Амалӣ  гардонидани лоиҳаи мазкур таъмини қувваи барқро мӯътадил гардонида, тарақиёти иқтисодиёти вилояти Хатлонро дар оянда   таъмин менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки маблағи умумии ин созишномаҳо 639 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар назар дошта шуда буд, ки он дар доираи имтиёзоти дарозмуддати аз ҷониби Чин тақдим гардида, амалӣ  карда хоҳад шуд. Ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа 36 миллион доллари амрикоӣ  пешбинӣ  шуда буд.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Чин баргузор гардид, дар ҳузури сарони ду давлат  се ҳуҷҷати нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
 Дар заминаи Созишномаҳо   16 сентябри соли 2006  дар мавзеи Чорбоғ — ҷои бунёди Зеристгоҳи «Душанбе 500 кВ» маросими расмии тантанавии оғози сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқ «Ҷануб — Шимол» сурат гирифт, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ва Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Тсзябао  иштирок намуданд.
 
Дар ҷамъомади тантанавӣ Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон суханронӣ  намуда, оғози сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқ «Ҷануб-Шимол», шоҳроҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанак» ва нақби Шаҳристон, ки бо маблағгузорӣ  ва иштироки мутахассисони Чинӣ роҳандозӣ шудааст, ибтидои марҳилаи нави дорои аҳамияти таърихии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари дӯсту ҳамсоя маънидод кард.
Сардори давлат зикр намуд, ки татбиқи бобарори лоиҳаҳои сохтмони хатҳои «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон» ва неругоҳҳои барқи обии Сангтӯ да-1 ва Сангтӯ да-2 Тоҷикистонро бо шабакаи азими хатҳои минтақавӣ  пайваст карда, ба кишвари бузурги энергетикӣ  табдил медиҳад. Дар ин сурат Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби транзитӣ нерӯи барқ ҳар сол 500 миллион сомонӣ  фоидаи соф ба даст хоҳад овард.
 Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин    суханронӣ  намуда, татбиқи амалии ин лоиҳаро қадами намоёну навбатӣ  дар роҳи таҳкиму густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай арзёбӣ  кард.
Ӯ ҳамчунин изҳори умед намуд, ки сарфи назар аз шароити вазнини ҷуғрофию иқлимии ҷойҳои баландкӯҳи  татбиқи лоиҳа, мутахассисони варзидаи тоҷику чинӣ  бо истифода аз технологияҳои   муосир онро дар мӯҳлати муайяншуда, яъне то соли 2009 ба анҷом мерасонанд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ва Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Тсзябао лентаи рамзиро бурида, ба татбиқи амалии ин лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти стратегӣ    оғози расмӣ  бахшиданд.
Ҳамин тариқ, сохтмони  зеристгоҳи«Душанбе -500 кВ»  16 сентябри соли 2006 оғоз ёфта,  8 сентябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифт.   
 
 
Зеристггоҳи «Душанбе-500 кВ»
 
Ин зеристгоҳ  бо зеристгоҳҳои«Регар-500», «Ҷангал», «Орҷоникидзеобод-2» ва «Новая» пайваст буда, раду бадали неруи барқ менамояд. Зеристгоҳи «Душанбе -500 КВ»  тавассути ХИБ 500 «Ҷануб-Шимол» ба зеристгоҳи «Суғд-500» ба шимоли мамлакат неруи барқ интиқол медиҳад. 
 
  29 ноябри соли 2009 маросими тантанавии ба истифода додани хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500- киловолтаи «Ҷануб — Шимол» ва се хати 220 киловолта дар вилояти Суғд сурат гирифт. Дар он Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон иштирок ва суханронӣ  намуд. Сарвари давлат, аз ҷумла зикр намуд, ки: «Имрӯз дар доираи татбиқи лоиҳаи  сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» дар баробари ба истифода додани  зеристгоҳи барқии«Хуҷанд-500» ва  хатти интиқоли барқи 220-киловолта ҳамаи мову  шумо шоҳиди ба ҳам пайваст шудани  хатҳои                                                                       интиқоли    барқи ҷанубу шимоли кишвар ва ба фаъолият оғоз кардани шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистони  азизамон гардидем. Яъне бо фароҳам овардани фазои ягонаи энергетикӣ, ки дар   таърихи кишвари   соҳибистиқлоламон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣмебошад, мо дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон боз як қадами ҷиддӣ гузоштем.
Тавре ки  шумо медонед, бо назардошти ҳалли мушкилоти ба вуҷуд омада ва бо мақсади мунтазам бо барқ таъмин кардани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мо таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакатро ҳамчун яке аз ҳадафҳои таъхирнопазир ва стратегии давлату Ҳукумат қарор додем, ки ба вуҷуд овардани шабакаи ягонаи энергетикӣ яке аз самтҳои асосии он мебошад».
Ҳамин тариқ, хати интиқоли барқи  «Ҷануб — Шимол» барои кишвари мо аҳамияти хосаеро  молик аст. Мутобиқи лоиҳа дарозии хатти интиқоли барқи 500 кВ — и «Ҷануб — Шимол» 325 километрро ташкил медиҳад. Дар сурате ки эҳтиёҷоти пурраи вилояти Суғд ба неруи барқ дар як шабонарӯз 14 миллион киловатт — соатро ташкил медиҳад, қобилияти барқгузаронии хатти «Ҷануб-Шимол» дар як шабонарӯз ба 27 миллион киловатт — соат баробар буда, он дар як сол имконияти интиқоли 8 миллиард киловатт — соат неруи барқро дорад.
 
ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол»
 
Амалӣ  гардидани ин лоиҳа, низоми барқи то ин вақт ҷудобудаи вилояти Суғдро бо низоми Марказии барқи Тоҷикистон мепайвандад ва баъди ба истифода додани Неругоҳҳои барқи обии  «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2» ва дигар иқтидори энергетикӣ  имкон пайдо гардид, ки аз онҳо ба шимоли кишвар нерӯи барқ интиқол дода шавад. Баланд бардоштани сатҳи таъминоти барқ дар вилояти Суғд имкон медиҳад, ки саноат тараққӣ  ёбад ва сифати таъминоти аҳолӣ  бо қувваи барқ беҳтар гардад. Ҳадаф аз бунёди хатти мазкур, пеш аз ҳама ташкили шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва ба таври мӯътадилу мунтазам бо барқ таъмин кардани аҳолии вилояти Суғд, инчунин соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти саноативу кишоварзии он мебошад.
Дар шароите, ки мо ҳоло аз низоми энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ  берун буда, танҳо дар такя бо иқтидорҳои худӣ  кор мекунем, манфиат ва аҳамияти Хатти интиқоли барқи 500 кв «Ҷануб-Шимол» беназир аст. 
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари якҷояи коргарон ва мутахассисони тоҷику чинӣ ҳоло зеристгоҳхои «Душанбе 500» (дар мавзеи Чорбоғ) ва «Суғд-500» (дар ноҳияи Ғончӣ )  пурра фаъолият доранд. Барои беҳтар гардидани вазъи таъминоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо қувваи барқ  дар раванди татбиқи лоиҳаи мазкур инчунин бояд як қатор корҳои  дигар, аз ҷумла дар масофаи 32 километр кашидани се хати интиқоли барқи 220 — киловолта низ бояд ба анҷом расонида шавад.   8 июли соли 2010  расми тантанавии сохтмони ХИБ 220 КВ «Хуҷанд -Айнӣ » оғоз ёфт. 
26 сентябри сол 2011-ум  ХИБ 220 кВ «Хуҷанд -Айнӣ » бо  зеристгоҳи «Айнӣ  220 кВ» дар  масофаи 83 км, ки моҳи июли соли 2010 бо иштироки Президенти кишвар оғоз ёфта буд, 5 моҳ пеш аз мӯ ҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Акнун мардуми ноҳияҳои водииЗарафшон-Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент имконияти пурра бо неруи барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин гаштанро пайдо намуданд.
 
Хати интиқоли барқи «Лолазор — Хатлон» 220 кВ.
 
Моҳи июни соли 2008 хати интиқоли барқи «Лолазор — Хатлон» бо ду зеристогоҳ дар шаҳрҳои Данғара ва    Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт. Маблағи ин лоиҳа 58 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Дар   масофаи 56 километр хатти интиқоли  барқ кашида шуда, 4 трансформатори пуриқтидори баландшиддат, 133 адад  такягоҳҳо насб ва ду зеристгоҳ — «Лолазор» ва «Хатлон», ки дорои иқтидори дар як сол аз неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба вилояти Хатлон  интиқол додани 4 миллиард киловатт-соат барқ мебошанд, бунёд гардиданд.
 
 
Ифтитоҳи расмии Зеристгоҳи «Хатлон-220 Кв»
 
Бо бунёд гардидан ин хатт   пеш аз ҳама вазъи таъминоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо қувваи барқ беҳтар  гардида, он ҳамчунин ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ такони ҷиддӣ   бахшид. Муҳимтар аз ҳама, вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқ хеле беҳтар хоҳад шуд.  Дар баробари ин, талафоти техникиву тиҷоратии неруи барқ кам шуда,  сифати интиқол ва таъминоти он баланд мегардад.
 
 
 Зеристгоҳи «Лолазор-220 кВ»
 
Сохтмони иншооти мазкур ду сол пеш аз муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шуда, дар он зиёда аз 1300 нафар коргарону мутахассисони маҳалливу хориҷӣ фаъолона иштирок ва меҳнат карданд.
Дар раванди татбиқи лоиҳа инчунин як қатор корҳои дигар, аз ҷумла дар масофаи 18 километр кашидани хатти интиқоли барқи 110 — киловолта низ ба анҷом расонида шуд. 
Хати интиқоли барқи 500 кВ — «Ҷануб — Шимол» ва 220 кВ-и «Лолазор — Хатлон» аҳамияти байналмиллалиро низ молик мебошанд. Онҳоро метавон хатҳои интиқолии марзгузари барқ номид. Минбаъд хати интиқоли барқи 500 кВ — «Ҷануб — Шимол» имконият медиҳад, ки хати интиқоли барқи «Хуҷанд — Датка (Қиргизистон) — ро барои баромадан ба ҷануби Қазокистон ва Урали Федератсияи Русия бунёд намуд. Тавассути хати 220 кВ-и  «Лолазор — Хатлон»   шароит муҳайё мегардад, ки барқи зиёдатии  мо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм интиқол дода шавад.
 
Маркази  барқу гармидиҳии  Душанбе-2 — лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Чин
 
4 июни соли 2011 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби Генералии Ҳизби Коммунисти вилояти СУАР-и Ҷумҳурии Мардуми Чин миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома оид ба сохтмони Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба имзо расид. Маркази барқу гармӣ  бо ангишти Зиддӣ, ки захираи он дар кишвари мо фаровон аст, кор хоҳад кард.  
Хишти аввали Маркази барқу гармӣ  29 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   гузошта шуд. 
Сарвари Давлат дар   маросими пуршукӯҳ суханронӣ  намуда, аз ҷумла зикр кард, ки:«Боиси ифтихор ва саодатмандист, ки имрӯз   хишти аввали  бунёди Маркази барқу гармии шаҳри Душанбе гузошта мешавад. Ин иншоот дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба хотири ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ  ва таъминоти беҳтару бештари аҳолӣ  ва  корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ  сохта мавриди истифода қарор хоҳад гирифт».
Дар марказ вобаста ба талабот технологияи навтарин дорои    талаботи стандартҳои байналмилалӣ  бо се марҳилаи низоми ҳавотозакунӣ истифода бурда мешавад, то муҳити экологӣ зарар набинад.
Ҳарчанд Маркази барқу гармидиҳӣ  дар ҳамкорӣ  бо дӯстони чинӣ сохта мешавад, он тибқи Созишнома  бо усули «Сармоягузорӣ  ба ивази захираҳои табиӣ » бунёд ёфта, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешавад. Баъди пурра ба истифода додани Маркази барқу гармӣ   250-300 нафар бо ҷои нави корӣ  таъмин мегарданд…»
10 январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 -ро бо иқтидори 50 мегаватт. соат неруи барқ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дод.
Барои сохтмон ва васлу насби таҷҳизоти ин корхонаи азим дар марказ кор ба таври шабонарӯзӣ  ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат   бо буридани лентаи рамзӣ  ва пахши тугма навбати якуми Маркази  барқу гармидиҳии Душанбе-2-ро  мавриди истифодақарор дод.  
 Афзалияти аз ҳама муҳим дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки алҳол гази табиии худӣ  надорад ва имкони аз хориҷи кишвар низ ворид кардани он аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардани  марказ мебошад. Бо вуҷуди бо ангишт кор кардани Маркази нави барқу гармидиҳӣ  зарари экологии он ба муҳити зист дар ҳадди камтарин аст, зеро дар он таҷҳизоти навтарини поксозии чангу дуд васл гардидааст.
 Гузашта аз ин, дар марказ чунин таҷҳизот васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудани гази табиӣ  он метавонад ба истифодаи ин навъи сӯзишворӣ  гузаронда шавад. Навбати дуюм, ки бо фаъол гардидани он иқтидори марказ ба 100 мегаватт.соат неруи барқ хоҳад расид, бояд  соли 2014 пурра ба кор дароварда шавад. Аз зимистони соли оянда сар карда, Маркази нави барқу гармидиҳӣ  беш аз 40 дарсад биноҳои бисёрошёнаи пойтахтро бо гармӣ  низ таъмин хоҳад кард.
 
Намуди умумии Маркази нави барқу гармидиҳии Душанбе-2
 
Дар сохтмони ин марказ 1600 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Наздики 300 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Пас аз пурра ба кор даромадани марказ дар он 300 нафар бо кори доимӣ  таъмин хоҳад шуд. Дар аввали кор наздики 100 нафари он мутахассисони чинӣ  хоҳанд буд, ки ҳамзамон ба омӯзиши кадрҳои маҳаллӣ  машғул мешаванд. То имрӯ з   60 нафар дар курсҳои 75-рӯзаи ҳунаромӯзӣ  ва такмили ихтисоси Ҷумҳурии Мардумии Чин омӯзонда шудаанд. Дигар кадрҳои маҳаллӣ  дар худи Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорону мутахассисони чинию  маҳаллӣ  омӯзонда хоҳанд шуд.
 
Нозир Ёдгорӣ сардори Хадамоти робита бо ҷомеаи  ШСХК «Барқи тоҷик».
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 31, 2014 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД. Акнун тарбияи кӯдак аз ҷониби се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад