Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем

Май 16, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Узбекистон яке аз ҷойҳои маъруфтарин барои сайру саёҳати сокинони Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳангоми сафар ҳамагон мехоҳанд, ки бо наздикони худ дар тамос бошанд ва аз интернети мобилӣ чун дар хона истифода баранд. Бастаи нави «Узбекистон Онлайн» имкон медиҳад, ки дар роуминг онлайн бимонед. Он 5 Гб-ро ҳамагӣ бо арзиши 15 сомонӣ дар бар мегирад. Хизматрасонӣ ба  муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳангоми убури сарҳад ба таври автоматӣ фаъол мешавад ва танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон дар шабакаи оператори UCELL амал мекунад.

5 ГБ барои тафтиши почта, муошират ва зангҳо дар паёмрасонҳо  ва ҷустуҷӯи суроғаҳои зарурӣ дар харитаҳои онлайн кифоя аст. Бо нархҳои муқаррарии роуминг чунин ҳаҷми трафик 1536 сомонӣ арзиш дорад. Акнун, ҳангоми сафар ба Узбекистон муштарии аввалин оператори имконияти нави рақамӣ сад маротиба камтар маблағ пардохт мекунад. Воқеан, бо нархи муқаррарии 0,30 сомонӣ барои 1 Мб тариқи бастаи «Узбекистон Онлайн» маблағи сарфагардида 1521 сомониро ташкил медиҳад.

Бастаи «Узбекистон Онлайн» дарҳол пас аз бақайдгирии дастгоҳи мобилӣ дар шабакаи оператори алоқаи Узбекистон, яъне UCELL пайваст мешавад. Рақами телефони  муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳангоми убури марз ба таври автоматӣ интихоб карда мешавад. Ягона шарт ин аст, ки барои гирифтани арзиши хизматрасонӣ дар тавозун  бояд на камтар аз 20 сомонӣ бошад. Муҳлати амали он 30 рӯз аст. Агар трафик пештар ба охир расад, бастаи нав бо ҳамон шартҳо ба таври автоматӣ фаъол  мегардад.

Дар сурати пайвастшавӣ ба шабакаҳои дигар шумо метавонед мустақилона дар танзимоти телефони мобилӣ UCELL-ро интихоб кунед. Барои ин аввал бояд муайянкунии автоматии оператор қатъ карда шавад. Дар телефонҳои истеҳсолкунандагони гуногун номҳои қисмҳои лозимии меню «SIM-карты», «Мобильная сеть», «Операторы сети» ё «Мобильная передача данных» ном дошта метавонанд. Сипас, дар қисми «Выбор сети» бояд «UCELL» пахш карда шавад.

Бастаи «Узбекистон Онлайн» танҳо трафики интернетро дар бар мегирад. Нархи дигар хизматрасонии алоқа ба андозаи муқаррарии дар роуминг пешбинишуда  боқӣ мемонад. Чунончи, нархи стандартии як дақиқаи занг дар дохили Узбекистон ё ба Тоҷикистон 5 сомонӣ, як дақиқаи занги воридотӣ — 1,50 сомонӣ хоҳад буд. Ирсоли SMS 0,30 сомонӣ арзиш дорад, паёмакҳои воридотӣ ройгонанд.

Бастаи «Узбекистон Онлайн»-ро метавонед мустақилона тавассути замимаи «МегаФон Life» пайваст/қатъ намоед. Ин, масалан, вақте муфид хоҳад буд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми сафар ба хориҷа аз интернети мобилӣ истифода набарад. Барои қатъи хизматрасонӣ  бояд ба замимаи «МегаФон Life» гузаред, дар саҳифаи асосӣ бо пахши нишонае, ки ба кураи Замин монанд аст, қисми «Бақияи бастаҳо — Интернет»-ро пайдо кунед. Дар он рӯйхати бастаҳо мавҷуд аст ва аз байни онҳо бояд «Узбекистан Онлайн»-ро дарёбед.  Бо пахши ин тугма аз бандҳои пешниҳодшуда «Қатъ кардан»-ро интихоб намоед.

Агар ҳангоми гузаштан аз сарҳад пардохт ситонида шавад, вале муштарӣ трафики интернети  бастаи «Узбекистон Онлайн»-ро истифода набарад ва минбаъд истифода бурдани онро дар нақша надошта бошад, инчунин  хизматрасонӣ метавонад бо истифода аз усули болозикр қатъ карда шавад. Маблағҳои ситонида  ба таври автоматӣ ба тавозун баргардонида мешаванд. Барои баргардонидани маблағ ягон амали дигар лозим нест.

Ҳангоми сафар ба Узбекистон симкорти “МегаФон Тоҷикистон”-ро фаромӯш накунед ва барои интернети мобилӣ наздики якуним ҳазор сомонӣ камтар маблағ сарф намоед!

Май 16, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд