Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар шаҳри Турсунзода пурра иҷро шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Дар ҳамоиши тантанавии гусели аскарон иброз гардид, ки ҳимояи неъматҳои муқаддас, чун озодиву Истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ буда, ҷавонписарон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро нишонаи олии шарафмандӣ, мактаби матонату мардонагӣ ва далерию боҳимматӣ меҳисобанд.
Ёдовар мешавем, ки 5 марти соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хизматро адо кардаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба имзо расид.
Тибқи ин фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2007-и то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба ин сохтору воҳидҳо даъват карда мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






