Чорабинии варзишии оташнишонон

Май 27, 2014 09:44

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Дар варзишгоҳи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии оташнишонӣ байни ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе гузаронида шуд.
Мусобиқа байни дастаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла эстафетаи оташнишонӣ, давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳояш, баромадан бо зинапояи муҳорибавӣ ба ошёнаи чорум  доир гардид.
Дар чорабинии варзишӣ ҷойи аввалро қисми 18-ум оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик», ҷойҳои 2-юм ва сеюмро қисми 13-ум оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода ва қисми мустақили минтақавии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ишғол намуданд.

Май 27, 2014 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид