Ховалинг: хизматрасонии бонкӣ беҳтар мегардад

Май 5, 2014 15:14

Ховалинг, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Ховалинг масъулини филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»  барои баланд бардоштани рушди   соҳибкорӣ, саноат, сохтмон, чорводорӣ, занбӯри асалпарварӣ ва дигар соҳаҳои мухталиф  хизмат расонида, ба сокинон қарзҳои имтиёзнок медиҳанд.  Ба қавли директори  филиали мазкур  Довудхуча Искандаров,   ҳадаф аз фаъолияти филиал  беҳтар  намудани сифати  хизматрасонии бонкӣ  ба мизоҷон,  зиёд намудани даромаднокӣ,  дар ин замина ташкил намудани  фондҳои захиравию эҳтиётӣ, дуруст ба роҳ мондани  сиёсати  пулию қарзӣ  ва мустаҳкам намудани мавқеи худ  дар байни дигар бонкҳо мебошад. 
Масъулини   филиал бо беш  аз   100 хоҷагии деҳқонию инфиродӣ,  200 нафар соҳибкори ватанӣ  ва дигар ташкилотҳою муассисаҳо ҳамкории  зич  дошта,  мувофиқи шартномаи тарафайн амал  доранд.  «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳия сохтори   нави  кортҳои пластикиро ба роҳ мондааст, ки   ин  раванд барои тамоми  қишрҳои  ҷомеа  дастрас аст. 

Май 5, 2014 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш