Истиқболи расмии Президенти Туркманистон

Май 5, 2014 10:48

Душанбе, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ин лаҳзаҳо ба муносибати истиқболи расмии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов  дар саҳни ҳавлии Қасри Миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Туркманистон афрохта шуда, Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростаанд.
Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедовро Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд. 
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон бо нимтаъзим эҳтиром ба ҷо оварда, ба ҷузъу томҳои горди фахрӣ арзи салом намуд.
Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо ва баъдан мулоқоти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон дар назар аст. 
 
 

Май 5, 2014 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш