Муносиботи Тоҷикистону Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Зимни сафари мазкур вохӯрии дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ва гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду кишвар дар доираи васеъ барпо мешаванд.
Дар чараёни ин сафари расмӣ як зумра санадҳо дар соҳаҳои нақлиёт, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ба имзо хоҳанд расид.
Мавриди зикр аст, ки сафари расмии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои ду кишвар такони нав хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол “Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” гузошта шудааст.
Моҳи феврали соли 1995 дар Ашқобод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Дар Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.
Аз аввал пойдевори муносибатҳои дуҷониба ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бо назардошти манфиатҳои ҳарду кишвар асос меёфтанд ва имрӯз алоқаи байни кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ бомуваффақият густариш меёбанд. Хусусияти хоси ҳамкориҳои дуҷониба ин ҳузури ҳамешагии руҳияи эътимоди мутақобила, мувофиқати том ё наздикии мавқеи ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии дорои хислати аҳамияти мутақобила мебошад.
Тамосҳои сиёсии байни ду кишвар дар даврони истиқлолият бо мулоқотҳои сершумори расмӣ ва кории президентҳо, аъзои ҳукуматҳо ғанӣ гардонида шудаанд ва натиҷаи ин тамосҳо, бешубҳа усул ва ҷараёни инкишофи муносибатҳои дуҷонибаро муайян кардаанд. Дар доираи вохӯриҳои мунтазами сарони ду кишвар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ба таври амиқ баррасӣ мегаштанд, инчунин самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян мегардиданд.
Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.
Соли 2013 гардиши савдои байни ду кишвар 119,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад. Дар навбати худ, Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзиро ворид мекунад.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ маҳсуб мегарданд. Байни кишварҳои мо шарикии муваффақона дар соҳаи ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба роҳ монда шудааст.
Моҳи июли соли 1995 бинобар даъвати Президенти Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ашқобод ташриф оварда буд. Дар ҷамъбасти он сафар Изҳороти муштарак қабул гардид ва як қатор санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.
Моҳи апрели соли 1999 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сурат гирифт, ки зимни он роҳбари кишвар дар кори ҷаласаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Мақсади мулоқоти «Саммити Ашқобод» муайян кардани ҳадафҳои ҳамкориҳои минбаъда, ки ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидаанд, ба ҳисоб мерафт.
Рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи сарони давлатҳо ба шумор мераванд.
Аввалҳои октябри соли 2007 сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт ва декабри ҳамон сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Туркманистон ташриф овард. Сафарҳои мазкур, бешубҳа самтҳои авлавиятноки ҳамкориро муайян намуданд ва ба рушд ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таҳрик бахшиданд.
Декабри соли 2007 дар ҳошияи сафари расмии худ ба Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавии ифтитоҳи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда, инчунин дар Конфронси байналмилалии «Дипломатияи боздоранда ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» иштирок намуд.
Дар ҳошияи робитаҳо дар сатҳи олӣ соли 2009 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ба вуқӯъ пайваст. Натиҷаи ин сафар муколамаи арзишманди сарони ду кишвар вобаста ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ва имзои санадҳои дуҷониба, аз ҷумла Созишнома оид ба Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ ба шумор мерафт.
Моҳи марти соли 2010 сафари расмии навбатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт, ки он ба фаъол гаштани робитаҳои дуҷониба такони тозае бахшид.
Дар чаҳорчӯбаи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ 3 сентябри соли 2011, сафари кории Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Зимни ин сафар вохӯрии сарони ду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов анҷом ёфт.
22-24 августи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди расмӣ ба Туркманистон ташриф овард. Дар ҷараёни он сафар як зумра санадҳои дуҷониба ба имзо расид, ки ба фаъол гардонидани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи минбаъда, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавӣ равона гардидааст.
Дар ҳошияи таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» дар шаҳри Ашқобод (марти соли 2013), ки бо иштироки президентони 10 кишвари олам баргузор гашт, аз ҷониби роҳбарони се кишвар — Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон — Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Афғонистон — Ҳомид Карзай санади сеҷониба таҳти унвони «Ёддошти тафоҳум байни Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон»» ба имзо расид. Татбиқи лоиҳаи мазкур марҳилаи муҳим дар рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиё хоҳад буд. Дар сурати татбиқ гаштани ин лоиҳа Тоҷикистон имконияти диверсификатсияи масирҳои нақлиётии худро ба даст меорад, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни кишврҳои иштироккунандаи ин лоиҳа мусоидат хоҳад кард. Тавассути ин тарҳ имкони бунёд ҷойҳои нави корӣ фароҳам меояд ва табодули мол афзоиш меёбад, инчунин ба ҷалби сармояи хориҷӣ такони тоза бахшида хоҳад шуд.
5 июни соли 2013 дар шаҳри Атамуроди Туркманистон бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон доир гардид.
Бо мақсади фаъолсозии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ва истифодаи пурраи иқтидори васеи ду кишвар, аз соли 2008 то 2014 панҷ ҷаласаи Комиссияи муштараки байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ гузаронида шудаанд, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, иқтисод, энергетика, саноат, алоқа, кишоварзӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин масъалаҳои уҳдадориҳои қарзӣ ва талаботҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои дуҷонибаи кишварҳо баҳри ҳамкории бисёрҷабҳа дар асоси иқтидорҳо ва талаботҳои ҳарду кишвар ба мушоҳида мерасад.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






