Оғози сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид.Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимиқом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъутомҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифт.Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.Мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома меёбад.Интизор меравад, ки пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






