Ҷаласаи VII -уми Шӯрои кор бо ҷавонони СҲШ

Июнь 26, 2014 10:03

 
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи VII-уми Шўрои кор бо ҷавонони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои қисми миллии Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ, намояндагони ҷавонон аз сохторҳои давлативу ҷамъиятии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Чин ва Беларус ширкат варзиданд. Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова сухан гуфт. Дар ҷаласаи навбатӣ тибқи барномаи тарҳрезигардида 5 масъала, аз ҷумла натиҷагирӣ аз Форуми ҷавонони СҲШ дар мавзўи «Ташаббусҳои волонтёрӣ», ки рўзҳои 21-23 июн баргузор гардид, фаъолияти Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ дар солҳои 2013-2014, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, нақшаи кори Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ барои солҳои 2014-2015, шомилшавии ҷониби Ҷумҳурии Беларус ба ҳайси ташкилоти ҳамкор ба Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни баргузории ҷаласа гузориши намояндагони қисмҳои миллии Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ, аз ҷумла, М.Муинова, Қ.Миралиев (Тоҷикистон), Н.Сидиқов (Қазоқистон), Ж.Усенов, Е.Солошенко (Қирғизистон), Д.Епов (Русия) ва Бо Тся (Чин) доир ба корҳои баанҷомрасида дар давраи солҳои 2013-2014 ва нақшаҳои дар пешистода шунида шуд. 
Инчунин лоиҳаи нақшаи кори Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ барои солҳои 2014-2015 баррасӣ гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо он қабул гардид. Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҷавонони ҷумҳуриявии Беларус», ки ба унвонии котиботи Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ дар бораи шомилшавӣ ба Шўро ба ҳайси ташкилоти ҳамкор мактуб ирсол карда буд, дар асоси талаботи Низомномаи ташкилоти ҳамкор дар Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ ба ҳайси ташкилоти ҳамкор қабул карда шуд.
Зикр бояд кард, ки вобаста ба ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи навбатӣ матраҳгардида миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт ва вобаста ба ҳар кадоми он қарорҳои алоқаманд қабул шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар фарҷоми ҷаласаи VII-уми Шўрои кор бо ҷавонони СҲШ раисии Шўро дар давраи солҳои 2014-2015 аз ҷониби Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо тантана супорида шуд. 
 
 

Июнь 26, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш