Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Латвия дар Душанбе

Июнь 11, 2014 11:26

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июн дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиньш ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия баргузор гардид. Дар маросими расмии ифтитоҳи анҷуман Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиньш ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок доштанд.Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода анҷуманро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки байни Тоҷикистону Латвия вазъияти хуби сиёсӣ ва заминаи мусоиди шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ арзи вуҷуд дорад.«Дар ҷараёни ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Латвия моҳи феврали соли 2009 – ум 4 ҳуҷҷат дар бораи ҳамкорӣ, перомуни роҳ надодан ба андозгузории дукарата ва ҷилавгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо ва фоидаю сармоя, дар бораи роҳи ҳавоӣ ва машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар имзо шуда буданд», — гуфт Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиньш.«Мақсади асосии чорабинии мазкур шиносоии соҳибкорони Тоҷикистону Латвия бо имкониятҳои сармоягузории ҳар ду кишвар, роҳандозии ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби шумораи бештари сармоягузорон ва дарёфти мушорикони тиҷоратӣ, ҳамчунин муҳокимаи масоили мубрами самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мебошад», — гуфт Қоҳир Расулзода.Сипас Сарвазири ҶТ самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Латвияро аз қабили барномаҳои энергетикӣ, аз ҷумла бунёди иншоотҳои барқӣ, бахши телекоммуникатсияҳо, соҳаи кишоварзӣ, дорусозӣ, маориф, бунёди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди 4 минтақаи озоди иқтисодии кишвар ва бахши сайёҳӣ номбар кард.«Соҳибкорони Латвия дар амри таҷрибаи соҳибкорӣ ва технологияҳои навтарин метавонанд ба Тоҷикистон пешниҳодҳои муфидро ироа намоянд», — гуфт Қоҳир Расулзода. Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиньш зимни суханрониаш зикр кард, ки пештар суръати ҳамкории байни Латвияю Тоҷикистон суст буд. «Сар аз имрӯз лаҳзаи дигаргунсоз ворид мешавад: давраи шиносоӣ бо Осиёи Марказӣ анҷом ёфта, давраи ҳамкории фаъолона оғоз меёбад», — гуфт Президенти Латвия.Президенти Ҷумҳурии Латвия ҳамчунин самтҳои барои ҳар ду кишвар мақбули ҳамкориро номбар карда, зикр намуд, ки Латвия барои роҳандозии равобити иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла бо Олмон, Лаҳистон, Финляндия ва ғайра метавонад миёнарави хубе гардад. Андрис Берзиньш Тоҷикистонро «дарвозаи Осиёи Ҷанубӣ» барои Латвия қаламдод карда, изҳори умедворӣ намуд, ки Анҷумани соҳибкорони ҳар ду кишвар барои рушди минбаъдаи муносибатҳои байни Латвия ва Тоҷикистон омили судманд мегардад. Дар Анҷумани соҳибкорон роҳбарони бархе вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, ҳамчунин беш аз 50 нафар соҳибкорони Латвия ва зиёда аз 80 нафар соҳибкорони тоҷики соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҳар ду кишвар, аз қабили энергетика, саноат, нафту газ, нақлиёт ва алоқа, телекоммуникатсия ва риштаи банк ширкат доштанд.Дар фарҷоми Анҷуман фаъолияти бахшҳо оғоз ёфта, гуфтушунидҳои намояндагони соҳибкорони ҳар ду кишвар баргузор гардиданд.

Июнь 11, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!