Беқонунӣ ба барҳамхӯрии ҷамъият мерасонад

Июнь 14, 2014 10:24

Душанбе, 14.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро муайян сохт. Аз ҳама муҳим, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишоф минбаъдаи низоми нави ҷамъиятӣ роҳ кушод ва заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам овард. Дар заминаҳои ҳуқуқӣ халқи тоҷик ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамо гардид. Дар робита ба ин судя, котиби Суди конститутсионӣ, номзади илмҳои сиёсӣ К. М. Каримов муътакид бар он аст, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва дар миёни санад¬ҳои меъёрии ҳуқуқӣ санади олии эът謬бори ҳуқуқидошта аз талаботи аввалиндараҷаи инсон ба ҳаёт, зиндагӣ, озодӣ, адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба май¬дони сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шудааст.«Ин хусусияти Конститутсия аз ин бармеояд:1) Дар Конститутсия меъёрҳои конститутсионӣ- ҳуқуқии хусусияти умумӣ, ки барои танзими конститутсионӣ — ҳуқуқӣ аҳамияти авва¬лин¬дараҷа доранд, муқаррар карда мешаванд. Ҳамаи дигар сарчашмаҳо аз меъёрҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд ё бармеоянд, ҷузъиёти онҳо муайян ва танзим карда мешавад.2) Хусусияти Конститутсия дар мазмуну мундариҷаи васеи меъёр¬ҳои он ифода мегардад. Онҳо ба ҳама самтҳо ва соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиёт таъсир мерасонанд. Бо ин хусусияташ Конститутсия аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки танҳо ба танзими як самти фаъолият алоқамандӣ доранд, фарқ мекунад.3) Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки хи¬лофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд (Ниг: қисми 1 мод¬даи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 15 Конститутсияи Федератсияи Россия ва ғ.).4) Дар Конститутсия намудҳои зиёди сарчашмаҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Дар он номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ин ё он самти фаъолияти давлатиро танзим менамоянд, эътибори ҳуқуқии онҳо, тартиб (протседураи қабули онҳо) бекор кардан ва нашр кардан муқаррар карда мешавад.5) Аҳамияти Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар он зоҳир мегардад, ки меъёрҳои дар он муқар¬раркардашуда ҳамчун шакли ифодаи иродаи давлатии халқ хизмат менамоянд. Дар Конститутсия он ҳадафҳо, ки ҷомеа дар назди худ мегузорад, принсипи ташкил ва фаъолияти ҳаётӣ муайян карда мешавад.6) Конститутсия дар муқоиса бо дигар сарчашмаҳои ҳуқуқ на дар сатҳи ҳуқуқӣ санади олӣ ба ҳисоб меравад, балки бо моҳияти ҷамъиятии худ санади эътибори олӣ дошта мебошад», — тазаккур дод Каримов.Чунонки дида мешавад, Конститутсия то ба дараҷаи соҳиб шудан ба унвони қонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя аз таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои қабул кардани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (консти¬тутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 консти¬тутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро қабул ва эълон намуд.Қабули Конститутсияи соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи шикасти низоми авторитарӣ-тоталитарии идоракунии шӯравӣ, саъйю кӯшиш ва талоши роҳбарияти давлати тозабунёд ҷиҳати дарёфти роҳи инкишофи миллӣ ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад ва чуноне ки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда,… орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».Конститутсияи соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро зери ҳукмронии ҳуқуқ тобеъ намуда, фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият, дастгоҳи давлатӣ ва роҳбарияти сиёсии кишварро ба маҷрои конститутсионӣ равона намуд. Давлат тамоми имконият ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ ёфтан аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сафарбар намуд.

Июнь 14, 2014 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд