Э. Раҳмон: «Ватани худро бояд сидқан дӯст дорем»

Июнь 26, 2014 09:41

Душанбе, 26.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем»,-чунин омадааст дар Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки фардо, 27 июн дар саросари Тоҷикистон таҷлил мегардад. Сарвари давлати Тоҷикистон дар Паёми худ гуфтааст, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти тоҷик таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Президенти кишвар мардуми тоҷикро халқи сулҳпарвару бонангу ор ва шарафманду мутамаддин унвон карда, зикр намудааст, ки тоҷикон ба ҷаҳониён собит намудаанд, ки воқеан миллати дорои хиради азалианд ва қодиранд, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бавуҷудомадаро тавассути ҳамдигарфаҳмию созиш пайдо намоянд. Бояд тазаккур дод, ки 17 сол муқаддам, аниқтараш 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни тоҷикон санади сарнавиштсоз-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон баъди музокироти тӯлонӣ ба имзо расид, ки он ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт.

Июнь 26, 2014 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш