Конститутсия маҷмӯи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният аст

Июнь 3, 2014 15:49

Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имсол мардуми Тоҷикистон 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. 20 сол муқаддам, аниқтараш 6 ноябри соли 1994 дар кишварамон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он самараи неки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қабули ин санади муҳими сарнавиштсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории муосири тоҷикон заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ,таъмини волоияти қонун, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуд. Оид ба пайдоиш ва ташаккули Конститутсия судя, котиби Суди конститутсионии ҶТ, номзади илмҳои сиёсӣ К. М. Каримов чунин иброз намуд: -Инсоният аз замони пайдоиш, инкишоф ва дарки худ ҳам¬чун субъекти бошуури ҷомеа, бо табиати бениҳоят сахту сангин дар набард буда, баҳри ҳифзи худ ва пойдор мондан ва аз байн нарафтанаш кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Худро қисмати табиат эҳсос намуда, табиат ба ҳеҷ ваҷҳ ба шуури одамон муқобил гузошта намешуд. Тартиби ҳаёти мамъиятӣ чунон табиӣ ва тағйирнаёбанда менамуд, ки ҳамчун ҳаёти табиат.Баъдан худро вориси асосии табиати бою рангин, дорои неъматҳои бузурги моддӣ ҳисобида, ҳайвоноти ваҳширо ром ва мутеи худ намуда, барои ҳаёти худ мувофиқ гардонидааст.Бо ба вуқӯъ омадани тақсимоти бузурги меҳнат, гузаштан ба зиндагии бошууронаи ҷамоавӣ, авлодӣ ва қабилавӣ дар инсон талаботи маънавӣ низ боло рафта, худро ҳамеша озод дидан мехост ва озод зистан. Адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва баробарҳуқуқӣ, эътироф, кафолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ бармаҳал ба шуури ҷамъиятии инсон ворид гардид. Инсон кӯшиш менамуд, ки талаботи аввалиндараҷаи маънавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худро тавассути урф, одат ва анъанаҳо амалӣ на¬муда, ба муқобили касоне, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол менамуд, мубориза барад.Бо ба вуҷуд омадани давлат зарурат ба механизм ва низоми нис¬батан пешрав, объективӣ, воқеӣ ва сохтори пур¬қуввати онро ҳифзкунанда ба миён омад, ки ин зуҳурот ҳуқуқ буд. Пайдоиши ҳуқуқ ҳамчун пайдоиши давлат- ин пеш аз ҳама инъикоси шароити моддии ҳаёти ҷомеа, натиҷаи рушду таҳким, мурак¬кабшавии муносибатҳо ва равандҳои гуногун¬ҷабҳаи ҷамъиятӣ, боло рафтани шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният аст.Одамон, ки пеш ба таври ҷудогона зиста, дар муносибатҳои бай¬ниҳамдигариашон ягон қоидаро дастрас наме¬кар¬данд, баъдан маҷбур шуданд, ки ба манфиати бехатарии ҳама ва ҳар кас бо ҳамдигар муттаҳид шаванд, қонунҳо-меъёри ҳуқуқ ва ҳақиқатро муқаррар намоянд, ки онҳо ҳукмфармоии беқонуниро бартараф намуда, заифонро ҳифз ва худсарии зӯронро пешгирӣ намоянд.Зарурат ба эътироф, кафолат, ҳифз ва танзими ҳуқуқи инсон дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ба миён омад ва чуноне ки таъкид мешавад: «фаъолияти амалии одамон вобаста ба инкишофи худ дар назди онҳо вазифаҳои нав ба навро мегузорад, ки ҳаллу фасли онҳо танҳо зимни омӯзиш ва истифодаи қувваҳои табиат ва ҷомеа мумкин аст».Ҳамин тариқ, ҳуқуқ бо ҳамон сабабҳое, ки давлат пайдо шудааст, арзи ҳастӣ карда, зери ҳамон равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ марбут ба тағйирёбии давлат тағйир ёфтааст.Дар адабиёт зикр мешавад, ки дар марҳилаҳои аввал ҳуқуқ ҳамчун маҷмӯи одатҳои нав ба вуҷуд омада, риояи онҳо аз ҷониби мақомоти навташкилшудаи давлатӣ, пеш аз ҳама судҳо таъмин карда мешуд. Баъдан меъёрҳои ҳуқуқ (қоидаҳои рафтор) бо санадҳои князҳо, шоҳон ва амалдорони ба онҳо чунин ваколатдодашуда муқаррар мегардиданд.Табиист, ки амалдорон кӯшиш менамуданд, ки дар ин санадҳо манфиатҳои худро мустаҳкам намоянд, ки ин ба онҳо то андозае муяссар мегардид. Ёдгориҳои ҳуқуқӣ ва адабии он замонҳо дар Юнони қадим, Рими қадим, Мисри қадим ва Сурия ва баъдан ба мо мерос монда аз он шаҳодат меди¬ҳанд.Дар баробари пайдоиши ҳуқуқ, ҳамчунин кӯшишҳои дарк кардан ва фаҳмидани ин зуҳурот, моҳияти дохилӣ ва шакли зуҳури берунии он, асосҳои объективӣ, ҷой ва нақши он дар олам, қонунияти пайдоиш ва инкишоф, қоида ва воситаҳои дарк, вобастагӣ ва нақши он дар ҳаёти инсон, дар тақдири халқҳо ва инсоният низ ба миён омад.Вобаста ба дарк ва фаҳмидани ҳуқуқ ҳамчун шакли зарурии озодӣ, баробарӣ ва адолат дар ҳаёти ҷамъиятии одамон фалсафаи ҳуқуқ, назарияи ҳуқуқ, таърихи ҳуқуқ ва соҳаҳои ҳуқуқ арзи ҳастӣ карданд, ки дар маркази он ҳуқуқи фитрӣ ва баъдан ҳуқуқи позитивӣ қарор гирифт. Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ғоя ва арзишҳо пайдо шуда, рушд ва таҳким ёфтанд, ки онҳо таърихи зиёда аз сеҳазорсола доранд.Ғояҳои нахустини ҳуқуқӣ, ки бевосита ба вазъи ҳуқуқии шахсият алоқаманд буданд, дар Юнони қадим пайдо шуда, онҳо ғояи баробарӣ, адолат ва озодӣ буданд. Озодӣ ба демократия ва ҳокимияти халқ алоқаманд арзёбӣ гардида, дар худ ҳам озодии сиёсӣ ва ҳам шахсиро дар бар мегирифт.Масалан, донишманди бузург Эллин Пифагор (580-500 то солшумории мо) қоидаҳои ахлоқиро оид ба ҳурмати падару модар ва қонунҳо ва аз рӯи эътиқод иҷро намудани онҳоро инкишоф дод. Ӯ ғояи ҳифзи баробари шаҳрвандонро дар назди қонун пешниҳод намуд, ки ин андешаҳо баъдан дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, консти¬тутсияи давлатҳо, аз ҷумла қисми якуми моддаи 17 Конс¬титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷойи сазовори худро ёфт.Чунонки: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд».Демокрит (асрҳои V-IV то солшумории мо) ба демократия ҳамчун шакли идоракунӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, аҳамияти тартиботи ҳуқуқиро дар риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон таъкид мекард. ӯ чунин андеша дошт, ки дар демократия камбағалӣ аз зиндагии хуб дар назди шоҳон қобили қабул аст, зеро озодӣ аз ғуломӣ беҳтар аст ва инсон ҳамчун вуҷуди ҳуқуқӣ бояд ҳаёти худро бо манфиат ва талаботи дигарон мувофиқ намояд». Эллади Протагор (481- 411 то солшумори мо) ҳуқуқшинос ва нотиқи бузург ғояи олиеро рӯйи кор овард, ки тибқи он «Инсон- ченаки ҳамаи ашё мебошад», ки баъдтар ҳамин ғоя санги маҳаки инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, консепсияи табиӣ-ҳуқуқии ҳуқуқи инсонро ташкил дод.Солон (638-559 то солшумории мо) ходими сиёсии афинагӣ мақсад аз такмили қонунгузориро дар таъмини ҳама «одамони оддӣ» ва «доро» ба ҳифзи баробар дар назди қонун медид. Вай яке аз тарафдорони фаъоли ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрванд оид ба ҳифзи ватан буд ва қайд мекард, ки «Ватан бояд аз модар, падар ва ҳама хешовандон боло бошад», ки ин андеша дар моддаи 43 Конститутсияи мо инъикоси худро ёфтааст, чунончӣ:«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.«Озодӣ- ин ҳукмронӣ аз болои худ аст» таъкид мекард Суқрот (470/469-399. ӯ бори аввал дар хусуси иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ андешаронӣ намудааст.Платон (427-347 то солшумории мо) умумиҳатмӣ будани ҳуқуқ ва ғояи давлати идеалӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро пешниҳод карда, таъкид мекард, ки қонун бояд некӯаҳволии тамоми давлатро таъмин намояд, бори аввал оид ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии давлат ва баробари онҳо бо мардон, озодии сухан ва сензура изҳори андеша кардааст, ки ин андеша аз мадди назари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дур нест, чунончӣ:Моддаи 17. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.Моддаи 30. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.Аристотел Арасту (384-322 то солшумори мо) мақсади давлатро некуаҳволии умумӣ дониста, дар бораи иштироки омма дар идоракунии давлат ҳарф зада, мақсади асоси сиёсатро муваффақ шудан ба некуаҳволии умумӣ арзёбӣ мекард. Давлатро ташкилоти сиёсӣ ва шаҳрвандро вуҷуди сиёсӣ медонист.Ба нақши давлат дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои инсон аҳамияти ҷиддӣ медод, моликияти хусусиро тарафдорӣ намуда, таъкид мекард, ки дар давлати идеалӣ аз ҳад зиёд сарвандмандон ва аз ҳад зиёд камбағалон набояд вуҷуд дошта бошанд. Бори аввал оид ба меҳнат ва истироҳат андеша рондааст.Ҳуқуқшиносони Рим ба сифати арзишҳои муҳимтарини статуси ҳуқуқии шахсият: интизом (итоати қатъӣ ба ҳукуматдорон), адолат ва раҳмдилӣ (қарзи фарзандон дар назди волидайн), ягонагӣ (ягонагии шаҳрвандони Рим), қувва (матонат ва мардонагӣ) шаъну шарафи ҳарбиро пешниҳод намуданд.Дар давраи феодалӣ, яъне асрҳои миёна Фома Аквинский (1225-1274) одамро вуҷуди иҷтимоӣ ва сиёсӣ дониста, Николо Макиавели (1469-1527) моликияти шахсиро муқаддас медонист. У қайд мекард, ки шахс тайёр аст, куштори падари худро фаромӯш кунад, аммо барои моликияти аз дасти ӯ рафта тайёр аст, қасд гирад. Жан Боден (1530-1596) ҳуқуқшиноси маъруфи давраи Эҳъё нависандаи асари «Шаш китоб оид ба давлат» давлатро дастгоҳи ҳокимият арзёбӣ намуда, се аломати он: соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқ, моликиятро асоснок намуда, дар инкишофи давлат нақши сарватмандони миёнаро махсус таъкид мекард.Ин гуна андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баъдан ҳамчун арзишҳо эътироф карда шуда, аз ҷониби мутафаккирони минбаъда низ садо медоданд. Онҳо ҷойи худро дар санадҳои ҳуқуқӣ ва бо пайдоиши Конститутсия ҳамчун санади олии эътибори ҳуқуқӣ дошта, мавқеи худро дар он ёфтанд.Ҳамин тариқ, андеша ва ғояи конститутсионализм ин моли инсоният аст, ин натиҷаи рушди афкори фалсафию сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки дар пайдоиш, побармоӣ ва расидан то ба дараҷаи назария, консепсия, амалия ва санади навишташуда нақши олимону мутафаккирони ҳамаи халқҳои олам, аз ҷумла фарзандони баруманди миллати мо низ ҳаст.Пайдоиши калимаи лотинии «конститутсия», ки мазмуни он барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст, илман муайян карда нашудааст. Ақидаҳое ҳастанд, ки ин истилоҳ аз гардиши техникии «rem publicam constitutire», ки санадҳои императорҳои римӣ сар мешу¬данд, гирифта шудааст.Ба андешаи аксар олимон ин истилоҳ ҳанӯз дар асрҳои VI-VII пеш аз милод, яъне давраи ҷомеаи ғуломдорӣ дар шаҳрҳои Юнони қадим маълум буд. Дар империяи Рим фармонҳои императориро, ки тартиби фаъолияти институтҳои оммавиро (сиёсӣ) ба танзим медароварданд, конститутсия ном мебурданд. Дар баъзе аз давлатҳои феодалӣ онро хартия, ки созиши миёни ҳокимияти королӣ, феодалҳо ва шаҳрҳоро инъикос мекард ва санадҳо оид ба шаҳрҳои (минтақаҳо) федералиро низ конститутсия меномиданд.Дар давраҳои ибтидоии ташакул, конститутсия, инчунин бо истилоҳи «қонуни асосӣ» (Lex fundamentals) ва «қонунҳои консти¬тутсионӣ» низ истифода мешуд.Чунончӣ, Гобсс дар китоби «Левифан» истилоҳи «қонуни асосиро қонуне меҳисобид, ки бекор кардани он давлатро вайрон намуда, ба анархия бурда мерасонад».Ба андешаи олими немис Г. Еллинек «мазмуни қонуни асосӣ дар асосҳои ибтидоии ташкили давлат ва салоҳияти он, яъне дар муқар¬рароти он принсипҳое ифода меёбад, ки тибқи онҳо эътирофи ҳуқуқи табаа ташаккул ёфтааст.»Аксари муҳаққиқони конститутсионализм пайдоиши консти¬тутсияро ба давраи ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани буржуазия ва муборизаи он ба муқобили феодализм ва мутлақият нисбат медиҳанд ва зимни таҳлили ин масъала аз инқилоби буржуазӣ дар Британияи Кабир, (1640-1649), ки нисбат ба дигар давлатҳо пештар ба вуқӯъ пайвастааст, ёдовар мешаванд.Ғояи конститутсияи навишташуда дар Британияи Кабир ба вуҷуд омадааст, аммо дар ин давлат то ҳол конститутсияи навишташуда вуҷуд надорад. Ба ин нигоҳ накарда, дар он мо як қатор ҳуҷҷатҳо, ба монанди: Хартияи бузурги озодӣ (1215), Олоти идоракунӣ (1653), Санади корпуси Хабеас (1679), Санад оид ба таъмини беҳтари озодии табаагӣ ва пешгирии маҳбускунӣ берун аз баҳрҳо (1679), Билл оид ба ҳуқуқҳо (1689), Санад оид ба валиаҳд (1701) ва Санад оид ба иттифоқ бо Шотландия (1706) ва ғ. қабул карда шудаанд, ки аксари онҳо хусусияти конститутсионӣ дошта, то имрӯз эътибори худро гум накардаанд.Афкори фалсафию сиёсию иҷтимоии халқи тоҷик низ аз мав¬ҷудияти чунин санадҳои конститутсионӣ холӣ нест ва чуноне ки Э. Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонун¬ҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.Аз ин рӯ, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондӯстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ӯ ба Конститутсияи худ ҷой доданд.

Июнь 3, 2014 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад