Мулоқоти Рустам Назаров бо Риина Кионка
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо ҳайати қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Риина Кионка — роҳбари робитаҳои берунӣ оид ба Осиёи Марказии хадамоти аврупоӣ баргузор гардид.Ҳайати қароргоҳ бо Маркази байниидоравии кинологӣ, ки дар доираи Иттиҳоди аврупоии Барномаи Рушди СММ сохта шудааст, шинос шуд. Роҳбари агентӣ зикр намуд, ки дар моҳи июни соли 2012 бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) Маркази таълимӣ таъсис дода шуд, ки дар он дар ин муддат зиёда аз 120 корманди ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки мутахассисони кинологи Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таълим гирифтанд.Зикр гардид, ки созмон додани Маркази таълимӣ барои омода намудани кинологҳо, парвариш ва омода сохтани сагҳои хизматӣ барои ошкор намудани маводи нашъаовар дар оянда барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва идораҳои ҳаммонанди Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.Дар хотимаи вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ байни агентӣ ва БОМКА, аз ҷумла масъалаҳои аз нав омода намудани кормандони идораҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






