Н. Маҳмадалиев: “Ақидаҳои ифротиро намепазирем”

Июнь 16, 2014 11:44

       Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ “Ховар”).-Мояи таассуф аст, ки рӯз то рӯз дар ҷомеаи кучаки мо теъдоди ҷиноятҳои созмонёфта меафзояд. Пӯшида нест, ки рӯзҳои ахир расонаҳои хабарӣ матлаберо нашр намуданд  ва он аз издивоҷи ду ҷавонписар, ки ба ҳамҷинсгароӣ гаравидаанд, хабар дода буд. 
       Аз сабабе, ки мардуми шарифи тоҷик мусалмон аст ва  ҳамҷинсгароиро дини мубини Ислом қатъиян манъ карда, онро ҳаром мешуморад, акнун мушкиле ба рӯи муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандии мо соя меафканад. Чун ҳамҷинсгароӣ гуноҳи азимест, ки тамоми  динҳои олам  онро як амали зишт мешуморанд,  ҳаромаш медонанд, зеро он афзоиши мардумро коҳиш медиҳад ва қавмҳоро саранҷом ба вартаи нестӣ мекашад. Ин амали зишт дар вуҷуди ҳамҷинсбоз паҳн шуда, хирадашро коста месозад, шукӯҳи мардӣ ва латофати занонаашро шикаста, ақлашро хира намуда, нури чеҳраашро рабуда, пардаи шарму ҳаёи инсониро аз рӯяш барканда, саранҷом ӯро ба олами танҳоӣ гирифтор месозад. 
        Зимнан бояд тазаккур дод, ки дар саросари ҷаҳон ҳамҷинсгароӣ аз ҷониби баъзе созмонҳои байналмиллалӣ куллан ҳимоят шуда, аз кумакҳои махсуси молӣ ҳам бархурдор аст. 
       Ҳамҷинсгароён дар дунё ва ҳам охират ба муҷозоти сангине рӯбарӯ хоҳанд шуд. Худованд  рӯи ин тоифаро дидан намехоҳад. Ҳар фарде, ки ин тоифаро пайравӣ мекунад, аз қавми Лут маҳсуб мешавад ва он қавм ба ғазаби Худо гирифтор шуда буд. Имом Аҳмад дар китобаш бо такя ба Ал-Заҳабӣ баён мекунад: ”Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (Худо аз Ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Паёму дуруди Худо бар Ӯ бод) чунин фармудаанд: “Худованд ҳар нафареро, ки амали қавми Лутро пайравӣ мекунад, лаънат кардааст”.  Ва инчунин Ал-Бадрӣ дар китоби машҳураш “Маҳкумияти ҳамҷинсгароӣ” бо такя ба қавли Ибни Айёз ворид намудааст, ки: “Ҳар шахси лутие (ҳамҷинсгарое), ҳатто агар ба тамоми қатраҳои борон шуста шавад, бо Худованд бо тани нопок рӯбарӯ хоҳад шуд”
       Ҳамҷинсгароӣ аз нигоҳи аҳкоми Ислом ба сафи гуноҳҳои кабира пайваст буда, инчунин аз нигоҳи тиб ба бемориҳои ҷинсӣ, ҳатто ба вируси ангезандаи бемории қотили ВИЧ-СПИД, хоришак, гепатит, сӯзок, сифилис, аз даст додани нерӯ ва мардонагӣ, ҳамсаргурезӣ, аз байн рафтани ғурур, иззати шахсӣ ва ғайраҳо мерасонад. Пас чӣ гуна метавон аз мубориза бар зидди  ин вирус дар канор монд?
 
Хостан тавонистан аст
       Бо вуҷуди ба сангинтарин гуноҳҳо ва хатарноктарин бемориҳо расидани пайравони ин мараз, дарҳои умед барои раҳоӣ аз он баста нашудаанд. Мо аз пайравони ин вирус (ҳамҷинсгароӣ) талаб мекунем, то аз ин амали нангин баргарданд ва шарафи миллати номдори тоҷикро доғдор насозанд. Шифоёбии ҳар шахс аз ин вирус ба қавӣ будани шуурнокии шахсияти худи ӯ вобастагӣ дорад. Агар шахси мубтало ба ин беморӣ  дар ҳақиқат  хоҳад, ки аз пайравии ин қавм раҳоӣ ёбад, бе шакку шубҳа комёб мешавад, аммо танҳо бо сабру таҳаммули шадид ва мубориза бар зидди нафси худ. Хостан тавонистан аст. Ва рӯй овардан ба сӯи Худо бо роҳи тавбаю надомат ва канораҷӯии ниҳоӣ аз ин амали зишт. Бе шубҳа, ки Худованд тавбапазиру меҳрубон аст. Ширк овардан ба Худо гуноҳи азим аст, аммо Худованд бо тавбаи сидқии банда онро мебахшад, пас албатта, тавбаи мубталои ҳамҷинсгароиро низ қабул мекунад. Худованд ҳеҷ дардро бе даво халқ накардааст. 
 
Агар иддаъои озодӣ доред …
 
       Агар мехоҳед, ин амали зиштро чун ифодагари баробарҳуқуқӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ ҷилва диҳед  ва ё даъво доред, ки шумо низ узви ин ҷомеа ҳастед ва ин ҳуқуқҳои озодии шумост,  пас, ҳазорҳо  шахсони дигар  ҳақ доранд, ки аз ахлоқи наку,  ҳувияти  миллӣ,  арзишҳои маънавӣ, обрӯи хонадон, шарафи виҷдон ва покии ватанашон ҳимоят кунанд. Агар дар чомеаи нопок ва пур аз бемориҳои сироятӣ зистан ҳуқуқ ва озодиҳои шумо аст, пас узви як ҷомеаи пок, солим ва дур аз бемориҳои ҷинсию гузаранда будан озодиҳои ҳазорон шаҳрвандони дигар нест? Ва чаро террористону экстремистон ва роҳзанону ғоратгарон дар иҷрои амалҳои харобкорию номатлубашон ҳаққи озодӣ талаб накунанд? Яке бо террор, дигаре бо таҳаммули фикру ақидаҳои эстремистии  худ дар ҷамъият одат кардааст. Дар ҳолати ба чунин аҳриманҳои одамсурат озодӣ додан сулҳу суботро аз даст дода, ҷомеаро ба вартаи нестӣ мебарем.
       Дар бисёре аз  кишварҳои ҷаҳон қонунҳои махсус амал мекунанд, ки тибқи онҳо ҳамҷинсбоз ба муҷозоти сангин кашида мешавад. Барои мисол, дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ, аз ҷумла  дар Гайана  ҳар шаҳрванде, ки ба ин амали зишту разилона даст мезанад, мувофиқи қонунҳои ҷории кишвар ба ҳабси абад маҳкум мешавад. Кишвари Сингапур низ  барои пайравони ин амал ҳукми даҳ  соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст,  илова бар ин аз ҳамҷинсбоз даҳ  ҳазор евро ҷарима ситонида мешавад. Ва бояд тазаккур дод, ки моҳи  июни соли 2010 Парлумони  Лаҳистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки бо ҳукми ин қонун ҳамҷинсбозон ва бачабозонро ахта мекунанд.
 
Ба муборизаи умумимиллӣ ниёз дорем
 
       Ман аз тамоми падару модарон, омӯзгорон, ҷавонон, рӯҳониёну имомхатибон, табибон, мақомоти қудратӣ   ва умуман аз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар даъват меорам, ки дар масъалаи ҷилавгирӣ ва аз байн бурдани ин вабои аср (ҳамҷинсгароӣ) ва дигар ҷиноятҳои созмонёфта, аз ҷумла террористию экстремистӣ саҳмгузор бошанд.
     Вақти муборизаи миллӣ фаро расидааст. Танҳо бо роҳи ба муҷозот кашидани ин ашхос мо наметавонем аз онҳо ҷилавгирӣ намоем. Панҷараҳои маҳбас  аз ҷавонони экстремисту таҷовузгар лабрез шудааст. Барои раҳоӣ аз он утоқи тангу торик тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, пас чаро барои ба он ҷо нарасидан саъй намекунем? Мо танҳо ба роҳи қонун умед мебандем, ки ин вазифаи мақомот аст ва бояд онҳо мубориза баранд. Чаро худ ҳамчун шаҳрванд барои ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ саҳмгузор набошем? Вақти он расидааст, ки мо бояд ҳамчун миллати мустақил хусумату бадбинии якдигарро аз байн бурда, бар зидди ҷиноятҳои созмонёфта дастаҷамъона мубориза барем ва нагузорем, ки душманон дар ҷомеаи мо фазои зиддимиллӣ эҷод намуда, ба сулҳу суботи Ватан халал ворид намоянд. Аз оила бояд шурӯъ кунем. Баъзе падару модарони мо фарзандонро ба мадрасаҳои ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷ мефиристанд, аммо намедонанд, ки фарзандашон ба чӣ кор машғул асту аз кадом ҳисоб нон мехӯрад. Намедонанд, ки фарзандашон дар Вазиристони Покистон ва минтақаҳои толибнишини Афғонистони ноамн ба кадом таълим машғуланд. Имрӯз якеаш амали ҳамҷинсгароии онҳоро пайравӣ кард, пагоҳ дигараш бо истифода аз ҳаракатҳои террористию экстремистӣ омада, дар кишвар худро бо гумроҳӣ инфиҷор карда, ҷони даҳҳо шаҳрванди осоиштаро аз байн мебарад. Бархе аз волидон фарзандони худро мавриди таънаю маломат қарор дода, аз хона пеш мекунанд. Шумо фарзандони худро, ки бо як умед ба дунё овардаед ва аз хона меронед, ашхоси дигар ё гурӯҳҳои хориҷии махсус магар онҳоро бе назардошти манфиатҳои шахсии худ нон медиҳанд? Дар тарбияи насли наврас нақши волидон дар мадди аввал меистад, зеро мактаби аввалини мо оила асту аввалин устод  волидон.
 
Аз ноогоҳӣ то гумроҳӣ
 
       Як нуктаро ҳама вақт бояд дар ёд дошта бошем, ки дар Тоҷикистони мо  гурӯҳҳое мавҷуданд, ки дар ҷомеа фазо ва афкори ғайр месозанд ва ба ҳар роҳу услуб мехоҳанд сулҳу суботи тоҷиконро ба ҳам зананд. Мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна бозиҳои гурӯҳҳои манфиатдор нашавем.
       Сабаби аслии пайвастани ҷавонони мо ба гурӯҳҳои террористӣ, созмонҳои ифротгаро ва дигар ҷиноятҳои созмонёфта аслан огоҳ набудани онҳо аз аҳдоф ва мақсадҳои разилонаи ин гурӯҳҳою созмонҳо  аст. Мо, ҷавонон, бояд дар илмомӯзӣ, интихоби касбу кор ва ояндаи худ хеле ҷиддӣ бошем ва ҳар нуктаро мӯшикофона омӯхта, нагузорем, ки шахсони хориҷии манфиатҷӯ сулҳу суботи моро ба ҳам зада, Ватанро ба ҷойгоҳи манофеи кишварҳои махсус  табдил диҳанд. Мо дар кишвари соҳибистиқлол умр ба сар мебарем, аз ин лиҳоз мо низ бояд мустақил бошем ва ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, ки гурӯҳҳою созмонҳои ифротӣ фикру ақидаҳои ноҷавонмардонаю разилонаи худро бар мо таҳмил кунанд.
 
Нурмурод Маҳмадалиев,
коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ
Қоҳира 

Июнь 16, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД. Акнун тарбияи кӯдак аз ҷониби се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд