Пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъовар ва муқобилият бо гардиши ғайриқонунии он» семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он наздик ба 40 нафар ҷавони фаъоли шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Дар семинар нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Раёсати агентӣ Шӯҳрат Абдуллозода доир ба оқибатҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии нашъамандӣ, барномаи ҳукуматӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, роҳҳои пешигирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим андешронӣ кард.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳар сол 26-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмиллалии мубориза бо сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғариқонунии он таҷлил мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






