Таҳкими чораҳои мубориза бар зидди малах
Душанбе,9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз дар вилояти Суғд барои нобудсозии минтақаҳои малахпаҳншуда 16 адад трактор ва зиёда аз 300 адад дорупошакҳои дастиву муҳаррикӣ истифода мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар 12 шаҳру навоҳии вилоят 400 нафар мутахассисон кору фаъолият дошта, ситоди мубориза бар зидди малах ташкил гардидааст.
Аз рӯи иттилои КВД “Мубориза зидди малахи вилояти Суғд” дар қаламрави вилоят заминҳои малахпаҳнгашта 14 ҳазор гектарро ташкил дода, то имрӯз дар масоҳати умумии зиёда аз 11 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ масъулини соҳаро муваззаф намудааст, то дар минтақаҳое, ки хавфи зиёд шудани малах мавҷуд аст, корро пурзӯр намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






