Коркарди нурии биологии «Биокомпост»
Душанбе, 11. 07.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).- Тибқи иттилои Академияи илмҳои Ҷуҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014 дар соҳаи илмҳои биологӣ таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани системаи муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияи пешрафта густариш дода шуд. Олимони соҳаи ботаника натиҷаҳои таҳқиқоти хусусиятҳои биоморфологӣ ва биохимиявии намояндагони асосии растаниҳои хӯроки чорворо дар ҷамоаҳои марғзорӣ ва даштӣ бо назардошти таъсири омилҳои иқлимӣ ва антропогенӣ ҷамъбаст намуданд. Олимон ва мутахассисони соҳаи зоология ва паразитология ба мақсади ба роҳ мондани системаи мониторинг ва назорати шумораи ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ дар ду қитъаи таҷрибавӣ 2 адад домҳои рӯшноии назораткунандаро насб намуданд. Истифодаи чунин домҳои рушноӣ имконият медиҳад, ки назорат ва идоракунии ҳашароти зараррасон дар масоҳати 10 га замини зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шавад. Кормандони Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳо технологияи ҳосил намудани нурии биологии аз ҷиҳати экологӣ бехатари «Биокомпост»-ро коркард намуданд, ки он дар хоҷагиҳои ноҳияи Ваҳдат татбиқ карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






