МТС ба сиёсати минтақавии кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад
Душанбе, 7.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони марказ, инчунин намояндагони Воситаҳои ахбори умуми дохилу хориҷи кишвар нишасти матбуоти баргузор гардид.Нахуст муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки марказ тӯли шаш моҳ дар самтҳои илмию тадқиқотӣ, машваратӣ ва таҳлилию ояндабинӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатию созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва нашриявию тарбияи мутахассисони ҷавон, тарғиботу ташвиқотӣ ва ғайра фаъолият намудааст.С. Сафаров афзуд, ки дар ин давра марказ ду самти барои давлат ва ҷомеа муҳимро ба роҳ монда, аз рӯйи мавзӯъҳои стратегияи рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин консепсияи таъмини сифати рушди иқтисодиёти кишвар ҳисоботи фосилавӣ пешниҳод намудааст. Дар самти таҳлили равандҳои ҷорӣ ва ояндаи инкишофи ҷомеа аз ҷониби марказ ба масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷии ҶТ ва ояндабинии равандҳои асосии он, таҳдидҳои дохилию хориҷӣ ба амнияти миллии ҶТ, равандҳои инкишофи кишварҳои ҳамсарҳад ва абарқудрат, равандҳои инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ, сиёсати минтақавии кишвар, ҷараёни сармоягузорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ, оқибатҳои эҳтимолии воридшавии ҶТ ба созмони умумиҷаҳонии савдо ва ғайраҳо диққати бештар дода шуд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ С. Сафаров дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки марказ барои дар сатҳи олӣ баргузор шудани СҲШ дар кишвар омодагии ҷиддӣ мебинад. Дар назар аст, ки дар СҲШ масъалаҳое баррасӣ хоҳанд шуд, ки марбут ба манфиати кишвар хоҳанд буд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






