Натиҷаи интихоботии Афғонистон
Душанбе, 7.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Натиҷаи ибтидоии интихоботи президенти Афғонистон рӯзи 7-уми июли соли равон эълон мегардад гуфт Раиси Кумиссиюни интихоботи Афғонистон Аҳмад Нуристонӣ. Вале бархе нозирони интихобот изҳори умедворӣ кардаанд, ки бӯҳрони сиёсии ин кишвар дар масъалаи интихобот ҳам шояд поён ёбад. Ба гуфти мутахассисони соҳаи сиёсии кишвар то ҳол бӯҳрони сиёсие, ки Афғонистонро дар масъалаи интихобот печонидааст, ҳалли худро наёфтааст. Дар ҳоле ки мебоист чанд рӯз пеш натиҷаи ибтидоии интихоботи ин кишвар эълон мешуд Иттилои Би-Би-Си барои ҷоми ҷаҳони Футбол Душанбе, 7.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си дар бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия, ки рӯзҳои 4-5-уми июли соли равон баргузор шуданд, Олмон бар Фаронса бо ҳисоби 1-0, Бразилия бар Колумбия бо ҳисоби 2-1, Аргентина бар Белгия бо ҳисоби 1-0 ва Ҳолланд бар Коста-Рика аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 пирӯзӣ ба даст оварданд. Гуфта мешавад,ки бозиҳои ниманиҳоӣ 9-ум ва 10-уми июли соли равон баргузор мегардад. Бразилия бо Олмон ва Ҳолланд бо Аргентина рақобат хоҳанд кард. Қонуни нави Руссия Душанбе, 7.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ҷумҳурии Русия қонуни наверо дар бораи сомонаҳои интернетӣ шаҳрвандони Русия дар дохили кишвар барои пойгоҳи ҷамъоварии маълумот дошта баровард. Ҳукуматдорони кишвар мегуянд, ки ҳадафи тасвиби чунин қонун ҳимояти маълумоти интернетӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки қонун аз соли 2016 амали гардида, ширкатҳои фароҳамоварандаи хадамоти интернетӣ маълумоти дар ихтиёрдоштаро ба хадамоти дохилии Русия интиқол медиҳад.
Берункардани ҷангиён аз Словянск Душанбе, 7.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко аз шаҳри Словянск берун кардани ҷангиёнро «нуқтаи чархиш» дар набарди артиши Украина бо ҷудоиталабони тарафдори Русия номид. Вале ба гуфти Порошенко тасарруфи Словянску шаҳрҳои атрофи он ҳанӯз “пирӯзии комил нест” ва амалиёти артиш ба манзури “озод кардани вилоятҳои Донетску Луҳанск идома хоҳад кард.” Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






