Ҷашни 20-солагии наҷотбахшони тоҷик

Август 15, 2014 16:00

Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар кумитаи мазкур маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.Тавре ки котиби матбуотии КҲФ Ориф Нозимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар назди ҳозирин роҳбари кумита генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов оид ба дастовардҳои наҷотдиҳандагони тоҷик ва вазифаҳои асосии онҳо сухан гуфт.Сипас аз ҷониби Хайриддин Абдураҳимов як зумра собиқадорони соҳа бо медалҳои ҷашнии «20-солагии КҲФ ва МГ Тоҷикистон» ва афсарони фаъоли кумита бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Сарчашма дар фарҷом хабар дод, ки бахшида ба ин ҷашни пуршукӯҳ рӯзи 17 август дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ маҷлиси тантанавӣ ва контсерти устодони санъат баргузор мегардад.

Август 15, 2014 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад