Ҷоизаи Нуралӣ Одинаевро кадом тим мегирад?
Хоруғ, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ сабқати ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол барои соҳиб шудан ба ҷоизаи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Мураббии шоистаи ҶТ Нуралӣ Одинаев оғоз гардид. Дар мусобиқа тимҳои мунтахаб аз вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ширкат меварзанд. Муовини раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба варзишгарон зимни ифтитоҳи мусобиқа гуфт, ки варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу субот ва ҳамгироию ҳамбастагӣ буд ва то имрӯз низ ин рисолати худро нигаҳ доштааст. Раиси вилоят аз саҳми Нуралӣ Одинаев дар ташкил ва рушди волейболи занона гуфт, ки маҳз бо заҳмату талошҳои ин варзишгари маъруфи ҷумҳурӣ дастаи волейболи занона дар охирҳои солҳои панҷоҳум таъсис ёфта, имрӯз бо қавитарин дастаҳо дар саросари ҷаҳон рақобат мекунад. Мусобиқаи мазкур чаҳор рӯз идома ёфта, ғолибон бо ҷоиза ва беҳтарин тим, волейболозон бо мукофотҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ сарфароз хоҳанд гашт.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






