Афзоиши аъзои ҲХДТ дар «Тоҷиксодиротбонк»
Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 11 августи соли ҷорӣ дар бинои асосии «Тоҷиксодиротбонк» ҳамоиши нахустини вакилони ташкилоти ҳизбии ҲХДТ (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) бо иштироки раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода баргузор гардид. Дар ҳамоиш 3 масъала, аз ҷумла фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Тоҷиксодиротбонк», таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар «Тоҷиксодиротбонк», интихоби раис, муовин ва аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оид ба масъалаи якум — фаъолияти ташкилот дар соли 2014 ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидои ҳизби ҲХДТ Акбаршо Неъматов шунида шуд, ки он дар маҷмӯъ аз ҷониби аъзои раёсат қаноатбахш ҳисобида шуд. Тавре ки Акбаршо Неъматов иброз дошт, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷиксодиротбонк» фаъолияти кориашро аз ибтидои соли 2014 оғоз карда, дар давоми соли ҷорӣ чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва вохўриҳоро бо аъзои ҳизб доир намуд ва ҳоло фаъолияти он васеъ ба роҳ монда шуда, аъзои он фаъолона фаъолият доранд. Соли равон шумораи аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷиксодиротбонк» ба 360 нафар расид, ки 110 нафари онҳоро занон ва 250 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.Муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳамзамон ба ислоҳи баъзе норасоиҳои ҷойдошта, аз ҷумла, хубтар ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, ҷалби боз ҳам бештари ҷавонони фаъолу лаёқатманд ба сафи ҲХДТ, мутолиаи санадҳои меъёрии самти ҳизб аз ҷониби ҳизбиён ва таҳлили корҳои анҷомдодашуда дар интихоботи гузашта ҳидоят кард ва афзуд, ки барои пешравиву беҳбудии кори ҳизб ташаббусу навовариҳоро низ пеша намоянд. Сафар Сафаров бо ёдоварӣ аз масъулияти ҳизбиён ва тайёрии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашнҳои 20 — солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 — солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якчанд супоришу дастурҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки барои тақвияти фаъолияти кори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии ҲХДТ бо кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иртиботу ҳамкориҳо боз ҳам устувортар гарданд. Бинобар зиёд будани шумораи аъзо аз ҳисоби ҷавонон пешниҳод гардид, ки дар назди кумита ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ташкил шавад.Қобили зикр аст, ки боз 20 нафар корманди бонк ба сафи ҲХДТ шомил гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






