Ахбори муҳими ҷаҳон
Душанбе,15.08.2014 (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ)- Шаби гузашта бар асари тирборон дар шаҳри Донетски Украина 11 нафар ба ҳалокат расида, 8 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд гуфт, ки дар шарқи Украина задухӯрдҳо миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор то ҳол идома доранд. Душанбе,15.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Мувофиқи иттилои мушовири Президенти Иёлоти Мутаҳидаи Амрико Сюзан Райс, ИМА аз тасмими нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ барои истеъфо ситоиш кард ва онро гоми муҳим дар роҳи муттаҳидсозии кишвар номид. Душанбе,15.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Субҳи имрӯз вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоте, ки дар Брюссел баргузор гардид, мавзӯи интиқоли силоҳ ба курдҳои Ироқ ба хотири муқовимат бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро баррасӣ карданд. Душанбе,15.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Шаби гузашта гурӯҳҳои номаълум ба ду пойгоҳи неруҳои ҳавоӣ дар ҷанубу ғарби Покистон ҳамла карданд. Дар задухӯрд миёни кормандони полис 1 нафар ба ҳалокат расида, 6 нафари дигар захмӣ гаштанд ва аз ҳамлагарон 8 нафар безарар гардонида шуд. Гуфта мешавад, ки моҳҳои охири соли равон фурудгоҳҳои Покистон чанд бор мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Масъулияти ҳамларо то ҳанӯз ягон гурӯҳ бар уҳда нагирифтааст. Душанбе,15.08.2014 (АМИТ «Ховар»)-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Рашн-Ту-Дей дирӯз вазири дифои Ҷумҳурии мардумии Донетск Игор Стрелков аз мақомаш истеъфо дода, дар ҷои он Владимир Кононов муваққатан вазифаи вазири дифоъро иҷро хоҳад намуд.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






