Баррасии раванди муҳоҷират дар Шаҳритӯс

Август 15, 2014 11:56

Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритӯс бо иштироки роҳбарони маҳаллии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия 14 августи соли равон мулоқот доир гардид. Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Маҳмуд Хоркашев дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, мушкилиҳои асосии муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия, донистани забон ва қонуну қоидаҳои муҳоҷират, бо чойҳои корӣ таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар паҳлўҳои он сухан гуфт. Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ, дар вохӯрӣ мудири шуъбаи сабти асноди холати шаҳрвандӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, ҳамчунин роҳбарони дигар бахшҳо, раисони ҷамоату шаҳрак низ иштирок доштанд ва андешаҳои худро оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат, ихроҷ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, гирифтани шаҳрвандӣ ва дигар паҳлўҳои муҳоҷират баён доштанд.

Август 15, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад