Боздиди Сарвари давлат аз маҳаллаи 8 ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи бунёдшавандаи рақами 8 ноҳияи Ҳисор, ки сохтмону ободонияш аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов ба роҳ монда шудааст, як бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои 72 хонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти сохтмони дигар биною иншоот бевосита шинос шуд.Дар нахустин бинои шашошёна, ки мавриди истифода қарор гирифт, асосан оилаҳои аз хонаҳои пешинаи худ кӯчондашуда ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби хона шуданд. Дар қабати якуми бино маркази тиҷоратӣ ҷойгир шудааст, ки дар он беш аз 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва рафти бунёди маҳаллаи 8, ки бо харҷи беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов ва шарикони дохилию хориҷии ӯ 14 бинои аз панҷ то нӯҳошёна ва 140 котеҷи ду ва сеошёна сохта мешавад. Дар ин ҷо ҳамчунин як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда, як кӯдакистони зебо барои 140 кӯдак, майдончаҳои варзишӣ, гӯшаҳои дилхушию фароғатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва 6 км роҳи мумфарш бунёд меёбад. Ҳамаи ин корҳо то моҳи августи соли 2015, яъне дар арафаи ҷашни 3000-солагии Ҳисор ба анҷом расонда мешаванд. Дар натиҷа ин маҳалла ба як шаҳраки зебои замонавӣ табдил хоҳад ёфт.Дар бунёди ин шаҳрак ҳоло 70 шаҳрванди хориҷӣ ва наздики 1400 нафар аз аҳолии Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд, ки то 2000 сомонӣ маош мегиранд. Оянда танҳо дар марказҳои тиҷорату хизматрасонии он беш аз 1500 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






